ВОХӮРӢ: ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

374

Имрӯз (13.04.2022) дар толори факултети химияи Донишгоҳи миллӣ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои химия, фармасевтӣ ва тиббии донишгоҳ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии мазкур Нуритдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, Раиси коллегияи суд оид ба парвандаҳои граждани Суди Олии ҶТ Саидзода Маҳмадисо Мурод, мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Нозим ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Зулхумор Акбарова иштирок намуданд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он аз фаъолияти муътадилу мунтаззами кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.