Шўрои олимон

Шўрои олимон, яке аз сохторҳои асосии  факултет ба ҳисоб меравад. Фаъолияти Шўро дар асоси Низомномаи «Шўрои олимони факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2006 таҳти №18/2 тасдиқ шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

          Шўрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва дигар масъалаҳои муҳими пешбурди кори факултет таҳти роҳбарии декани факултет бо фармоиши ректори Донишгоҳ таъсис дода шудааст. Шўрои   олимон дар ҳайати декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, намояндагони иттифоқи касаба, Шўрои илмӣ – методӣ, Шўрои кураторон, Шўрои занон, ва Шўрои олимони ҷавон  таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои асосии Шўрои олимони факултет аз инҳо иборат мебошад:


  • муттаҳид намудани имкониятҳои нерўи илмию ақлонии ҳайати устодону      омўзгорон ва кормандон дар ҳаллу фасли вазифаҳои марбут ба фаъолияти факултет;
  • дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимй», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • татбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз рўи ихтисосҳои факултет;
  • мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрҳои илмию омўзгорӣ, амалигардонй ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷўён;
  • назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.

Шўрои олимони факултет масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:


  • лоиҳаи нақша, барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ;
  • ҳисоботи фаъолияти таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедраҳо;
  • парвандаҳои пешниҳоднамудаи омўзгоронро барои дарёфти унвони профессор ва дотсент мутобиқи тартиби муқарраргардида;
  • нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омўзгорон;
  • ҳисоботи декани факултет оид ба корҳои таълимию методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ;
  • пешниҳоди номзадҳо барои дохил шудан ба магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD) аз ҷумлаи хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии додашуда, инчунин номзадҳо барои маъмурият ва аспирантураи яксола;
  • ҳолату чорабиниҳо барои беҳбудии минбаъдаи корҳои илмию таҳқиқотии кормандон ва донишҷўёни факултет;
  • ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмию методӣ ва таҷрибаомўзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷўён;
  • мутобиқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо барои ишғол намудани вазифаҳои озоди ҳайати омўзгорон –дотсентон, муаллимони калон ва ассистентон;
  • тасдиқи нақшаҳои инфиродии магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳои (PhD) ва ҳамасола баррасӣ намудани мавод доир ба аттестатсияи онҳо;
  • дигар масъалаҳои марбут ба пешбурди фаъолияти факултет.