Декан

Декан – номзади илмҳои биологӣ Раҷабзода Фаридун Кишвар

20 – уми феврали соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 – и ноҳияи Данғараро хатм намуда худи ҳамон сол ба факултети биологияи ДМТ дар ихтисоси дорусозӣ дохил шудааст. Факултети тибию фарматсевтиро соли 2015 бо ихтисоси дорусоз хатм намудааст.

Моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи фарматсияи факултети фарматсевтии ДМТ фаъолияти омўзгориро оғоз намуда худи ҳамон сол ба ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар зинаи магистратура таҳсилотро оғоз намуда онро соли 2017 бо мувафақият хатм намудааст.

Соли 2017 ба факултети молиявию иқтисодии ДМТ барои гирифтани маълумоти дуюм таҳсилро оғоз намуда худи ҳамон сол ба вазифаи муовини декан оид ба тарбия таъин гардида то соли 2020 фаъолият намудааст.  

Солҳои 2019 – 2021 унвонҷўи кафедраи химияи фарматсевти ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ буда рисолаи номзадии худро бо мувафақият ҳимоя намуда соҳиби унвони номзади илмҳои биологӣ гардидааст.

Солҳои 2020 – 2021 вазифаи муовини декан оид ба таълимро ба уҳда гирифт ва соли 2021 – 2022 сармутахасиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ – ро ба уҳда дошт.

Соли 2022 ба ҳайси муаллими калони кафедраи химияи фарматсевтва идораву иқтисодиёти фарматмеатӣ интихоб шуд.

Моҳи апрели соли 2022 бо фармоиши ректори ДМТ ба вазифаи декани факултети фарматсевтӣ таин шуд.

Фаридуни Кишвари Раҷабзода дар доираи фаъолияти кориаш соҳиби чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо гаштааст, ки муҳимтаринашон «Ифтихорномаи ДМТ», «Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон», «Ифтихорномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ» мебошанд.

Муаллифи зиёда 20 мақолаи илмӣ, 2 дастури таълими мебошад. Оиладор соҳиби 3 фарзанд.