Каримов Фирдавс Убайдуллоевич
18-уми октябри соли 1991, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Омӯзгор, дорусоз – провизор.
Фаъолияти корӣ: ассистенти кафедраи фарматсияи ДМТ (солҳои 2014-2020); ассистенти кафедраи фармакогнозияи ДМТ (солҳои 2020 – то ба ҳол); муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии факултети фарматсевутии ДМТ (аз сентябри 2021 то ба ҳол); унвонҷўи кафедраи фармакогнозия (аз январи 2020 то ба ҳол).
Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Каримов Ф. У. таҳияи шакли дору дар асоси моддаҳои фаъоли биологии меваҳои дулони туркистони ва дулонаи понтикӣ, ки дар Тоҷикистон мерўяд мебошад.
Муаллифи 1 китоби дарсӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 3 дастури таълимӣ, 3 датури методӣ ва зиёда аз 15 фишурда ва мақолаи илмӣ мебошад.
Осор:
1. Фармакогнозия – Душанбе. «ЭР-граф», 2018 – 656 саҳифа.;
2. Фармакогнозия дафтари корӣ барои машѓулиятҳои амалӣ – Душанбе. «ЭР-граф», 2016 – 264 саҳифа.;
3. Сборник тестов по аптечной технологии лекарств. – Душанбе 2016 «ЭР-граф», 240 с.; 4. Дафтари корӣ барои таҷрибаомўзии таълимӣ аз фанни фармакогнозия – Душанбе. «ЭР-граф», 2018 – 47 саҳифа.;