Тартиби қабул 2023 сол

   Ќоидаи Ќабули донишҷуён ба факултети фарматсевти дар асоси қоидаҳои муайян намудаи Раёсати Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон барои ҳар сол муайян карда мешавад. То соли 2023 дар факултети фарматсевти ҳуҷҷатҳо барои панҷ ихтисос қабул мегардиданд. Инҳо ихтисосҳои:

  1. дорусозӣ
  2. технологияи саноати дору
  3. технологияи чарб, равганхои эфирӣ ва атриёту косметикӣ

I. Муқаррароти умумї

Ќоидаҳои қабули донишҷўён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбї ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Ќоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024» таҳия гардидааст.

II. Тартиби қабули донишҷўён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


1.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабули донишҷўёнро дар соли 2023 аз рўи ихтисосҳои мувофиқ дар шўъбаҳои рўзона ва ғоибонаи гурўҳҳои буҷавї ва шартномавї эълон менамояд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумї, ибтидоии касбї ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, метавонанд дар Донишгоҳ таҳсилро идома диҳанд. Њамчунин шахсони дорои маълумоти олї барои дарёфти таҳсилоти дуюми олї дар асоси қоидаҳои амалкунандаи қабул мутобиқи шартнома ба ихтисосҳои муайяннамудаи Донишгоҳ пазируфта мешаванд.

3. Ба Донишгоҳ шаҳрвандони давлатҳои хориҷї (ба истиснои тоҷикони бурунмарзии собиқ Иттиҳоди Шўравї) дар асоси «Ќоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷї ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси шартҳои зерин қабул карда мешаванд:

  • мутобиқи созишномаи дутарафаи байнидавлатї;
  • дар ҳудуди ҷойҳои муқарраршудаи қабул бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мувофиқи шартномаи тарафайн бо Донишгоҳ барои ҳар як ҷой дар ҳудуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома (литсензия) бо пардохти ҳаққи таҳсил тибқи қоидаҳои қабул.


4.Тоҷикони аққалиятҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сурате, ки ба қатори шаҳрвандони ватанї имтиҳони қабулро супорида ба холҳои гузариш муваффақ шаванд, маблағи таҳсилро ҳамчун шаҳрвандони ҷумҳурї пардохт менамоянд.    

5.Њамаи довталабон, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодиву миллї, баромади иҷтимоиву хусусияти касбу кор, эътиқод, мазҳабу муносибат ба дин ва мансубияти ҳизбї зимни гирифтани таҳсилоти олии касбї ҳуқуқи баробар доранд.

6.Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикї ва русї сурат гирифта, мўҳлати он барои дарёфти дараҷаҳои бакалавриат 4 сол, барои  мутахассис 5 сол ва барои магистратура 2 сол (магистратураи ғоибона 3 сол) муқаррар карда шудааст.

7. Ба шўъбаҳои рўзона шаҳрвандони синни то 35-сола қабул карда мешаванд. Ќабули довталабон ба шўъбаҳои ғоибона бе маҳдудияти синну сол сурат мегирад.

8.Довталабон ба гурўҳҳои буҷавї ва шартномавї дар ҳаҷми нақшаи қабул ба тариқи озмун, инчунин ба тариқи имтиёз қабул карда мешаванд. Довталабон зимни қабул ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
  2. ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумї (пурра), ибтидоии касбї ва миёнаи касбї (намунаи давлатї – нусхаи асл);
  3. маълумотномаи тиббї (шакли №086-У);
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
  5. шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд;
  6. билети ҳарбї ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  7. нусха аз дафтарчаи меҳнатї, агар довталаб собиқаи корї дошта бошад;
  8. маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби таҳсилоти
  9. умумї, ибтидої ва миёнаи касбї қабул карда намешаванд;
  10. қарори Шўрои омўзгории мактаб, тавсияи шўъбаи маорифи ноҳия ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
  11. қарори Шўрои ноҳиявии меҳнатї ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд).

   Дар ҳуҷҷати хатми таҳсилотии довталабоне, ки мактаб ва литсейҳои хусусиро хатм намудаанд, ба ғайр аз мўҳри муассисаи таълимї инчунин  мўҳри шўъбаи маорифи шаҳру ноҳия низ ҳатмист.

9.Довталабон танҳо дар яке аз ихтисосҳои факултети интихобнамудаашон ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷат ва имтиҳонҳоро доранд.

10.Мўҳлати ҳуҷҷатсупории довталабон ба гурўҳҳои буҷавї аз 20-уми июн оғоз ёфта, то 31-уми июли соли 2023 идома меёбад. Ќабули ҳуҷҷатҳо барои гурўҳҳои шартномавї (шакли таҳсили рўзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюм) аз 20-уми июн то 10-уми августи соли 2023 муқаррар карда шудааст.
Ќабули ҳуҷҷатҳо дар шўъбаи магистратура вобаста ба талаботи “Низомномаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (масъул: раёсати таълим) то 20.08.2023 ба роҳ монда мешавад.

11.Довталабон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо ва иштирок дар имтиҳонҳои қабул бояд талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд. Њамчунин овардан ва истифодабарии телефонҳои мобилї дар рўзи супоридани имтиҳонҳо қатъиян манъ аст.

12.Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русї хатм намудаанд ва ба гурўҳҳои русии ихтисосҳои Донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, аз забон ва адабиёти рус иншо менависанд.
Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони аққалиятҳои миллї хатм намудаанд ва ба ихтисосҳои (гурўҳҳо) русї ҳуҷҷат супоридаанд, мувофиқи хоҳиши онҳо аз забони русї ва ё забони давлатї диктант менависанд.

13.Дар сурати аз як қисми (блоки) имтиҳони тестї хол нагирифтан  баҳои умумии имтиҳони тестї «ғайриқаноатбахш» ҳисобида шуда, довталаб ҳуқуқи минбаъд дар озмун иштирок карданро аз даст медиҳад.
14.Натиҷаи санҷиши иншо баъди 48 соат (дар ихтисосҳое, ки теъдоди довталабон дар як ҷой аз се нафар зиёд аст, натиҷаи санҷиши иншо баъди 60 соат)-и навиштани иншо ва натиҷаи санҷиши тестї на дертар аз 24 соати супоридани имтиҳон эълон карда мешавад.

15.Саволҳои имтиҳонҳои тестї дар асоси барномаҳои дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумї амалкунандаи таълимї дар се қисм (нигаред ба ҷадвали имтиҳоноти тестї) мураттаб карда шудаанд.

16.Комиссияи қабули донишгоҳ доир ба ҳар як қисми имтиҳони тест миқдори холҳои заруриро муайян карда, зимни арзёбии ниҳої натиҷаи ҳар як қисмро ба назар мегирад. Дар ҳолати баробарии холҳои якчанд довталаб афзалият ба довталабе дода мешавад, ки аз қисми якум (тахассусї) холи бештар гирифта бошад. Ба ҳар як савол 5 варианти ҷавобҳо пешниҳод мешавад, ки яке аз онҳо дуруст аст. Довталаб варақаҳои тестї ва саволҳои имтиҳониро гирифта, ҳар як саволро меомўзад ва аз байни 5 варианти пешниҳодшуда дурусташро пайдо карда, дар варақаи тестї доираи ба ин вариант маҳсубро сиёҳ мекунад.

   Дар варақаи тестї бояд ягон аломати зиёдатї гузошта нашавад. Дар сурати мавҷуд будани аломати зиёдатї, ишора ва ё танҳо як нуқта (•) варақаи тестї беэътибор дониста шуда, довталаб аз иштирок дар озмун маҳрум мегардад.

17. Барои навиштани иншо 4 соат (240 дақиқа) ҷудо карда мешавад. Мўҳлати имтиҳони тестї барои ихтисосҳои факултетҳои фалсафа, таърих, ҳуқуқшиносї, филология, забон ва адабиёти рус, журналистика, шарқшиносї 3 соат (180 дақиқа), барои ихтисосҳои дигар факултетҳо 4 соат (240 дақиқа) муқаррар шудааст. Вақти шарҳу эзоҳи тартибу низоми имтиҳони тестї ба вақти ҷудошуда дохил намешавад.

18. Аз рўи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавї довталаб ҳуқуқ дорад, ки апеллятсияи хаттї диҳад ва дар вақти баррасии апеллятсия шахсан иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани баҳои имтиҳон ариза навиштаанд, бояд бо худ шиноснома дошта бошад. Довталаби ноболиғро (то 18-сола) метавонанд падар ё модараш ҳамроҳї намоянд. Баррасии аризаи апеллятсионї кўшиши аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавї мебошад.

19.Довталабоне, ки бе сабаб дар соати муқарраршуда барои супоридани имтиҳон ҳозир нашудаанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд. Довталабоне, ки бесабаб ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд ва ё дар қисмҳои имтиҳони тестї холи ҳадди ақали муайяншударо нагирифтаанд, ҳамчун довталабоне, ки баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтаанд, ҳисобида мешаванд.

20. Хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти  ибтидої, миёна ва олии касбї ба шўъбаҳои ғоибона (ба истиснои ихтисосҳои омўзгорї) новобаста аз собиқаи корї ва ихтисос қабул карда мешаванд. Дар гурўҳҳои буҷавии шўъбаи ғоибонаи ихтисосҳои омўзгорї танҳо довталабоне қабул карда мешаванд, ки дар мактаб кор мекунанд ва дар ин хусус ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (роҳхат аз шўъбаи маорифи шаҳру ноҳия, гувоҳномаю тавсифнома аз мактаб ва нусхаи дафтарчаи меҳнатї аз ҷойи кор) пешниҳод менамоянд.

21. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд, ба Донишгоҳ ба тариқи сўҳбат (бе имтиҳон) қабул карда мешаванд.

Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқра ва биринҷї хатм намудаанд, ба Донишгоҳ (ба истиснои ихтисосҳои ҳуқуқшиносии умумї, муносибатҳои байналхалқї (ҳуқуқ), молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирии иқтисодї, таҳлил ва аудит, технология ва низоми иттилоотї (дар иқтисодиёт), фаъолияти бонкї, менеҷмент, иқтисод ва идоракунї дар корхонаҳо, ва забони арабї) ба тариқи сўҳбат (бе имтиҳон) қабул карда мешаванд.
Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро аз рўи равияҳои табиию риёзї ва гуманитарї-ҷамъиятї бо медали нуқраю биринҷї хатм кардаанд, танҳо дар ин равияҳо ба Донишгоҳ тариқи сўҳбат (бе имтиҳон) қабул карда мешаванд.
Дар сурати натиҷаи манфии сўҳбат довталабони мазкур дар асоси «Ќоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2011-2012» имтиҳон месупоранд.

22.Ѓолибони ҷойҳои якуми олимпиадаҳои ҷумҳуриявї ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми олимпиадаҳои байналмиллалї аз рўи фанҳои муассисаҳои таҳсилоти умумї, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, зимни  мувофиқати ихтисос тариқи сўҳбат ба курси якум қабул карда мешаванд.
Ѓолибони ҷойҳои дуюм ва сеюми олимпиадаҳои ҷумҳуриявї аз рўи фанҳои муассисаҳои таҳсилоти умумї, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, танҳо бо мувофиқати равия тариқи сўҳбат ба курси якум ба истиснои ихтисосҳои ҳуқуқшиносии умумї, муносибатҳои байналхалқї (ҳуқуқ), молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирии иқтисодї, таҳлил ва аудит, технология ва низоми иттилоотї (дар иқтисодиёт), фаъолияти бонкї, менеҷмент, иқтисод ва идоракунї дар корхонаҳо ва забони арабї) қабул карда мешаванд.
Имтиҳони қабул барои довталабони имтиёздор (соҳибони медали нуқра ва биринҷии муассисаҳои таҳсилоти умумї, ибтидої ва миёнаи касбї), ки  танҳо аз фанни тахассусї имтиҳон месупоранд, пеш аз мўҳлати муқарраршуда сурат мегиранд.  

23.Баъди гирифтани баҳои мусбат аз кори хаттї ва ҳадди ақали муайяншудаи холҳои умумї шахсони зайл берун аз озмун ба донишгоҳ қабул карда мешаванд:

  • хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Ќувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд ва дорои имтиёзҳои давлатї ҳастанд;
  • маъюбони гурўҳи 1-ум ва 2-юм (аз ҷумла, нобиноёни дорои истеъдоди фавқуллода), агар таҳсили онҳо мувофиқи ҳуҷҷати тиббї дар ихтисосҳои интихобкардаашон (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурї) манъ набошад;
  • ятимони бе падару модар тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.


24.Хатмкунандагони литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (равияи табиї-риёзї), ки имтиҳонҳои хатми литсейро бо баҳои «аъло» супоридаанд, ба гурўҳҳои буҷавии равияҳои табиию риёзї бе имтиҳон қабул карда мешаванд. Њамчунин хатмкунандагони литсей, ки ба гурўҳҳои шартномавии ихтисосҳои роиҷи донишгоҳї ҳуҷҷат месупоранд, дар асоси баҳои имтиҳонҳои хатми литсей бе имтиҳон ба донишгоҳ қабул карда мешаванд.

25. Шунавандагони шўъбаи тайёрии донишгоҳ, ки 8 моҳ дар ин шўъба таҳсил кардаанд ва имтиҳонҳои хатми шўъбаи тайёриро бо баҳои «аъло» супоридаанд, ба гурўҳҳои буҷавии ихтисосҳои омўзгорї ва табиию риёзии Донишгоҳ бе имтиҳон қабул карда мешаванд. Хатмкунандагони ин шўъба, ки 8 моҳ таҳсил карда, ба гурўҳҳои шартномавии ихтисосҳои донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, дар асоси баҳои имтиҳоноти хатми шўъба қабул карда мешаванд.     

26. Хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумї, ки то 3 фанни таълимиро нахондаанд ва дар шаҳодатномаи таҳсилоташон ифодаи «нахондааст» қайд гардидааст, мувофиқи ихтисоси ба фанҳо алоқаманд ҳуқуқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои дохилшавї ба факултетҳои Донишгоҳ надоранд.

27. Ќабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2006, № 58 «Дар бораи қабули донишҷўён ба мактабҳои олии ҷумҳурї тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва «Дастурамали қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олї (бе имтиҳон) тибқи квотаи Президентї» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2006, №3/4) сурат мегирад.

28. Довталабон ба донишгоҳ ба таври шартномавї дар асоси натиҷаҳои мусбати имтиҳоноти хаттї ва тестї аз рўи озмун қабул карда мешаванд. Њаҷми маблағи ҳарсолаи таҳсилро раёсати донишгоҳ муайян ва тасдиқ менамояд ва он дар эълонҳои комиссияи қабул (дар ҷои қабули ҳуҷҷатҳо) нишон дода мешавад.

29. Шахсони ҳуқуқї (муассиса, корхона ва ташкилот), ки барои таҳсили довталабон дар Донишгоҳ роҳхат медиҳанд, дар асоси шартномаи дутарафа ва шахсони алоҳида дар асоси шартномаи инфиродї бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталаб маблағи таҳсилро ба суратҳисоби Донишгоҳ гузаронанд.

30. Фармони  ректор оид ба қабули донишҷўён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то оғози соли таҳсил ба имзо мерасад. Дар сурати пурра иҷро нашудани нақшаи қабул вобаста ба  ихтисосҳо ректори Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ки то 30-юми сентябри соли ҷорї ба фармони иловагии қабули донишҷўёни ҳамаи намудҳои таҳсилотро ба имзо расонад.    

31. Довталабоне, ки ба донишгоҳ қабул мешаванд, агар дар ибтидои таҳсил 15 рўз бе сабаб ба дарсҳо наоянд, аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд. Дар ин ҳолат маблағи пешакї пардохткардаи донишҷўёни гурўҳҳои шартномавї баргардонида намешавад.

32. Раёсати донишгоҳ бо довталабоне, ки дар гурўҳҳои буҷавї ба сафи донишҷўён қабул шудаанд, дар асоси банди 7-уми «Низомнома дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони маълумоти олї ва миёнаи касбї бо роҳи шартномавї» (қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.1996, №137) созишномаи сеҷониба ба имзо мерасонад. Тибқи ин созишнома донишҷў баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иҷро нагардидани бандҳои ин созишнома маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷў ба буҷаи давлат баргардонида мешавад.