Шўрои олимони ҷавон

Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолияти худро дар «Низомномаи Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ», ки аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ гардидааст ба роҳ мемонад. Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон созмони ҷамъиятӣ буда,бо фармони ректори Донишгоҳ дар назди Раёсати илми-таҳқиқотӣ ташкил карда мешавад. Шўро дар хайати олимони ҷавони то сини 35-сола ташкил карда мешавад, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илми ба омузиш ва таҳқиқот машғул мебошанд. Шўрои олимони ҷавони факултети фарматсевтӣ дар асоси Нақшаи корӣ, ки аз тарафи декани факултет тасдиқ мегардад, фаъолияти худро ба роҳ мемонад.  Ҷаласаи Шўрои олимони ҷавон моҳе як маротиба бо иштироки декани факултет ва аъозоёни Шўро баргузор мегардад. Сохтори Шўрои олимони ҷавон аз Раис ва аъзоёни он иборат буда, Раиси он дар ду сол як маротиба бо пешниҳоди декани факултет аз тарафи Ректори донишгох таъин мегардад.

     Шўро дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

  • муттаҳид намудани қувваи эҷодии олимони ҷавон ва муҳақиқон баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ;
  • беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон бо воситаи мизи мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва нашри натичаи корҳои илмии онҳо;
  • мукаммалгардонии иштироки олимони ҷавон дар лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, грантҳо, озмунҳо ва тачрибаомузиҳо;
  • ҳамкори бо Шўрои олимони ҷавони дигар факултетҳо;
  • коркард ва амали намудани чорабиниҳои илмӣ баҳри беҳтар намудани фаъолияти илмии олимони ҷавон ва монанди инҳо.