Шурои занон ва духтарон

    Дар факултети тиббию фармасевтї Шурои духтарон ва занон фаъолият доранд. Тамоми занҳо ва духтарони факултет аъзои Шуро мебошанд, яъне 16 зан ва 537 духтар.

    Раиси бахш Њомидова Т.М., ассистенти кафедраи тиббї, раиси духтарон Додабоева П. донишҷуи курси 2 ихтисоси дорусозї мебошад. Дар ҳар як гурўҳи академї раиси духтарон интихоб шуда ба раиси занон итоат менамоянд.

Вазифаи бахш аз зеринҳо иборатанд:

  • иҷрои супоришҳо, қарору фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректор ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия, роҳбари бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ таъмин менамояд;
  • тартиб додани нақшаи кори солонаи раисони  духтарони гурeҳҳо;
  • иҷрои нақшаи корҳои ташкилию тарбиявии умумидонишгоҳи;
  • ҳамкорї бо раисони духтарони гурeҳҳо;
  • таҳия намудани ҳуҷҷатнигории раисони духтарони гурeҳҳо;
  • назорат аз болои рафти амалї гардонидани Низомномаи бахши кор бо духтарону занон ва нақшаи корї солона;
  • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои идона, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои суолу ҷавоб, конфронсу машваратҳо бо донишҷeдухтарон ва занони факултет;
  • сафарбаркунии занону духтарон ба рeзҳои ягонаи ахбори сиёсї дар миқёси ҷумҳурї;
  • назорат намудани ҳуҷҷатнигории раисони  духтарони гурeҳҳо;
  • назорат аз болои тартибу низом ва одобу ахлоқи донишҷeдухтарон, ба хусус донишҷeдухтароне, ки дар хобгоҳҳо истиқомат мекунанд;


Њуқуқ ва eҳдадориҳои бахш:

  • дар давоми сол як маротиба ба раҳбари бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намояд;
  • таъмин намудани иштироки фаъолонаи духтарону занон дар чорабиниҳои тарбиявї, корҳои сиёсиву ҷамъиятї, шанбегиҳо, маъракаҳои гуногуни факултет ва ғ;
  • танзим намудани фаъолияти раисони бахши кор бо духтарони гурeҳҳо, мавриди омeзиш қарор додани таҷрибаи беҳтарини онҳо;
  • ичроиши фармону супоришҳои Раёсати Донишгоҳ;
  • гузаронидани суҳбатҳо, вохуриҳо бо донишҷeдухтарони факултет.