Кафедраи фарматсия

Кафедраи фарматсия дар факултети фарматсевтии ДМТ яке аз кафедраҳои бунёдӣ ва тахассусии фарматсевтӣ буда, аз сентябри соли 2011 таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра, номзади илмҳои фарматсевтӣ, дотсент Мусозода Сафол Мираҳмад буданд. Аз соли 2014 то соли 2015 и.в. мудири кафедра номзади илмҳои фарматсевтӣ, дотсент Ясинов Р.Қ, аз соли 2015 то 2017 д.и.т. профессор Савченкова Л.В мудири кафедра буданд. Аз декабри соли 2017 мудири кафедраро Саидова М.Н. ба уҳда доранд.

Мудири кафедра — н.и.ф., дотсент Муссоев Сафол Мирахмадович
Адрес:ш. Душанбе, х. Рудаки 17, бинои №3, ошъёнаи 4, каб. 404.
Телефон:221-39-61
E-mail: 

Ҳайати кадрӣ

Ному насабфанн
Мусоев С.М.
Саидов Н.Б.
Ясинов Р.К.
Зарипова М.М.
Шарипов Х.Ш.
Халифаев П.Д.
Салимов С.Ш.
Наврузова Г.Ф.
Шарипова Ш.Ш.
Саидов Н.Д.
Турсунов М.А.
Солехова С.К.
 

Таърих

   Кафедраи фарматсия моҳи сентябр соли 2011 таъсис ёфтааст, яке аз кафедраҳои асосии тахассусии дорусозӣ дар факултет ба ҳисоб меравад.

   Дар ин кафедра асосан аз фанҳои сирф тахассусии технологияи шаклҳои доруворӣ, кимиёи дорусозӣ, ташкил ва идораи иқтисодиёти дору, фармакогнозия, биофарматсия, биотехнологияи фармасевтӣ, таърихи дорусозӣ, ҳуқуқи фармасевтӣ, кимиёи заҳршиносӣ, молшиносии фармасевтӣ,  менеҷмент ва маркетинги фармасевтӣ ва фанни умумитиббии фармакология ва фармакотерапия устодон таълиму тадрис медиҳанд.

   Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои фармасевтӣ, дотсент Мусоев С.М. мебошад, ки дар айни замон ин вазифаро ба ўҳда дорад. Дар кафедраи  устодони соҳибтаҷрибаи соҳаи фарматсия  н.и.ф., дотсентон Саидов Н.Б., Мусоев С.М., Зарипова М.М., Ясинов Р.Қ., ассистентон Халифаев П.Д., Салимов С.Ш., Шарипов Х.Ш., Шарипова Ш.Ю.,  Наврузова Г.Ф., Саидов Н.Д,, Турсунов М.А., аз фанҳои тахассусии фармакогнозия, технологияи дорусозӣ, кимиёи фармасевтӣ, фармакология дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд.

    Дар баробари фаъолияти омўзгорӣ устодони кафедра инчунин ба омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, таҳияи барномаву силабус ва дигар маводҳои таълимӣ машғул мебошанд.  Дар ин замина аз тарафи устодони кафедра дар зарфи 2-соли охир зиёда аз 12 китобу дастурҳои таълимӣ, барнома ва стандарти давлатии тахассуси фармасевтӣ, инчунин як қатор дастурамалҳои корӣ, силабусҳои фаннӣ, мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ-методӣ ба забони тоҷикӣ интишор кардаанд, ки ҳамаи ин дар бой гардондани захираи луғавии истилоҳоти фармасевтӣ бо забони тоҷикӣ саҳми арзанда ба шумор меравад.

    Дар баробари корҳои таълимӣ-методӣ устодони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ фаъолона машғул мебошанд. Фаъолияти илмии кормандони кафедра дар  самти “Такомули таъминоти доруворӣ  ба  аҳолӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ҷараён дошта, аз руи масъалаҳои “Таҳия, коркард, стандартикунонӣ ва бозорикунонии маводу зермаводҳои доруворӣ  дар асоси ашёи маҳалӣ” ва дар мавзуҳои муҳими соҳавї иҷро  мегардад.
Масъалаҳои илмї-таълимї дар ҳамоҳангї бо низому барномаҳои соҳавии миқёси ҷумҳуриявї ва ҳам дар робита бо макотибу давраҳои хориҷ таҳлилу амалӣ карда мешаванд.

   Дар соли равони таҳсил устодони кафедра Шарипов Х.Ш. ва Наврўзова Г.Ф. муҳассили аспирантураи Академияи миллии фармасевтии Украина гардидаанд, ки ҳамзамон дар интиқоли таҷрибаи пешқадами соҳавї ба донишгоҳ саҳми арзанда мегардад.
Дар  кафедра аз ҳисоби донишҷўёни ба корҳои илмӣ хоҳишманд Ҷамъияти илмии донишҷўии “Ҷолинус” фаъолият мекунад, ки дар бедор кардани майлу рағбати донишҷўён барои корҳои илмиву тадқиқотӣ ва эъҷодӣ заминаҳои назаррас фароҳам месозад.
Маҳфили ихтисосии устоди кафедра Халифаев П.Д. – “FilFarm” (дўстдорони фарматсия), ки дар заминаи тафаккури илмиву амалии тиббу дорусозии ниёгон ва дастовардҳои навини технологияи  иноватсионии фармасевтӣ асосёбӣ гаштааст, ба талаботи имрўзаи ҷомеа тозаистиқлоли кишвар хеле мувофиқ буда, барои эъҷоди як қатор силсилаҳои навини мафкураи ихтисосии дорусозии миллии тоҷикии насли имрўза метавонад саҳмгузор бошад.

    Фаъолияти кафедраи фарматсия дар маҷмўъ на танҳо дар дохили донишгоҳ, балки фаротар аз он низ ҳамчун яке аз марказҳои бунёдиву созандаи мутахассиси  дорусоз ба шумор меравад.