ҚОИДАҲОИ қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024
Тартиби қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баъди муассисаҳои
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабули хатмкунандагони коллеҷҳои соҳавиро аз рӯйи равия ва ихтисосҳои мувофиқ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ эълон менамояд.
2. Шахсоне, ки коллеҷҳои соҳавиро бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимие, ки аз ҷониби намояндаи раёсати таълим муайян карда мешаванд) ба курси дуюми шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ (нигаред ба ҷадвали номгӯ ва нархномаи таҳсили ихтисосҳо) тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
3. Шахсоне, ки коллеҷҳои соҳавиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба гурӯҳҳои шартномавии курси дуюми шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии донишгоҳ аз рӯйи натиҷаи озмун ба гурӯҳҳои шартномавӣ қабул карда мешаванд.
4. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси дуюми шакли таҳсили фосилавӣ донишгоҳ (соҳаи омӯзгорӣ) аз рӯйи натиҷаи озмун ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ қабул карда мешаванд.
5. Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод менамоянд: -ариза ба номи ректор; -ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ-асл (маълумотнома дар бораи хатми мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).
6. Хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавии коллеҷҳои соҳавӣ, ки аз хатми таҳсилашон 3 сол нагузашта бошад, метавонанд бо нусхаи диплом (бо тасдиқи нотариалӣ) ҳуҷҷатҳояшонро ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд); -маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086.у)
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
7. Дар ҳуҷҷати хатми таҳсилотии довталабоне, ки коллеҷҳои хусусиро хатм намудаанд, ба ғайр аз муҳри муассисаи таълимӣ, инчунин, муҳри шуъбаи маорифи шаҳру ноҳия низ ҳатмист.
8. Муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабон ба донишгоҳ аз 1-уми июл оғоз ёфта, то 10-уми августи соли 2019 идома меёбад. Муҳлати гузаронидани суҳбат ва имтиҳонҳои қабул аз 10 то 18 август муайян карда мешавад. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.
9. Дар сурати қаноатманд набудан аз натиҷаи суҳбат-озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи донишгоҳ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 2 рӯз тариқи апеллятсия (комиссяи апеллятисонӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад.
10. Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишии) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд дар хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
11. Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, муҳлати он барои дарёфти дараҷаҳои бакалавриат 4 сол ва дараҷаи мутахассиси равияи тиббӣ ва ихтисосҳои ҳамгиро 5 сол муқаррар карда шудааст.
12. Ба шуъбаи рӯзона шаҳрвандони синни то 35-сола ва ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) бошад бе маҳдудияти синну сол қабул карда мешаванд. Довталабон дар як вақт танҳо дар як ихтисоси факултети интихобнамудаашон ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷатро доранд.
13. Довталабон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо ва иштирок дар суҳбат-озмун бояд талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.
14. Довталабон барои дарёфти маълумоти иловагӣ, гирифтани машварат ва қабули ҳуҷҷатҳо метавонанд ба комиссияи қабул ва раёсати таълими донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Тартиби қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ
1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
2. Бо назардошти дорои таҳсилоти олии касбӣ будани шаҳрвандон муҳлати таҳсил баъди муайян намудани фарқиятҳои нақшаи таълимӣ (вобаста ба мувофиқат кардани тахассус) муқаррар мегардад, ки он амалан омӯзиши фанҳои тахассусиро дар бар мегирад. Баъди аз суҳбат-озмун гузаштани довталаб раёсати таълим фарқиятҳои нақшаи таълимро вобаста ба талаботи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳӣ муайян намуда, ба комиссияи қабул пешниҳод месозад.
3. Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон боназардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо чунин шакли қабулро ба роҳ мемонад;
- бо мавҷудияти на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси сеюм;
- бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси дуюм.
4. Довталабоне, ки таҳсилоти якуми олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
- ариза ба номи ректори донишгоҳ;
- дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият;
5.Фармоиши ректори донишгоҳ барои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ на дертар аз 15 рӯз пас аз гузаштани суҳбат дар асоси қарори комиссияи қабул бароварда мешавад.
6. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.
7. Дар сурати қаноатманд набудан аз озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи донишгоҳ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 2 рӯз тариқи апеллятсия шинос шавад.
Макони супоридани ҳуҷҷатҳо шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, «Шаҳраки донишҷӯён», бинои №10, комиссияи қабули ДМТ.