Кумитаи иттифоқи касаба

Бюрои иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултети фарматсевтӣ ҳамчун ҷузъи Кумитаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси шартномаи коллективӣ байни раёсат ва кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони ДМТ барои солҳои 2021-2022-ум амал мекунад.
Бюрои  иттифоқи касабаи устодону кормандон  дар шахси раиси Бюрои  иттифоқи касабаи устодону кормандони факултет, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» (аз 2 августи соли 2011, №757), Оинномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои кормандони Донишгоҳро ҳимоя менамояд. Кумита ҳангоми таҳия ва бастани Шартномаи коллективӣ, инчунин ворид намудани илова ва тағйиротҳо ба он, ҳамчун намояндаи ҷамъиятии коллективи меҳнатӣ амал менамояд.

Доираи фаъолияти Бюрои иттифоқи касабаи факултет дар асоси шартномаи коллективии  байни раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи ДМТ сурат мегирад.  

Бюрои иттифоқи касабаи факултет ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касабаро намояндагӣ ва ҳимоя мекунад, масъалаҳои шахсии ба муносибатҳои меҳнатӣ дар соҳаи ҳуқуқи дастҷамъона алоқамандбуда ва манфиатҳои устодону кормандонро, новобаста аз узви иттифоқи касаба будан ё набуданашон ҳифз ва пуштибонӣ менамояд.

Бюрои иттифоқи касабаи факултет инчунин дар якҷоягӣ бо садорати факултет дар таъмин намудани раванди таълим назорат ва таъмини интизоми меҳнат бехатарии меҳнат риояи тартиботи дохилии аз тарафи раёсати Донишгоҳ ва садорати факултет мукарар шударо назорат барад.

Ҳайати  Бюрои иттифоқи касабаи факултети фарматсевтии ДМТ аз шахсони зерин иборат мебошад:

  1. Ҳомидов Далер Комилович, ассистенгти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва ИИФ (раис).
  2. Рабиев Р.М., ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология(аъзо).
  3. Шарифова Ш.Ю., муаллими калони кафедраи фармакогнозия(аъзо).