ТАКЯГОҲИ СУЛҲ

186

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тољикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастоварҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Танхо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў меорад. Чунончи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони неругоҳҳои обӣ, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хоричи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошхои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон нақши калиди бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян намуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Мо, ҷавонон фарзандони истиқлолият мебошем, зеро дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расида нашъунамо ёфта истодаем.

Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

Сулҳу вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни кавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Декани факултети фарматсевтӣ,дотсент Раҷабзода Ф.К.

И.в.мудири кафедраи химияи фарматсевтї ва идораву иқтисодиёти фарматсевтии ДМТ Юсуфзода А.Ҷ.