САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

239

Имрӯз бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари факултетҳои дигари донишгоҳ дар факултети фарматсевтӣ таҳти унвони “Конститутсия – санади сарнавиштсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид.

Зимни суханронӣ декани факултет, дотсент Фаридуни Кишвари Раҷабзода иброз намуд, ки Конститутсия арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққӣ ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, ба Истиқлолияти давлатии кишвар дар сатҳи қонуни асосӣ таҳким бахшид.

Сипас дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Комрон Давлатзода оид ба мавзӯи “Конститутсия – санади сарнавиштсоз” баромад карда, зикр намуд, ки «Бунёди ҷомеаи пешрафта, қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонун дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар мизи гирд, ҳамзамон, дотсенти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва ИИФ н.и.ф., Муҳаббат Саидова оид ба “Таърихи пайдоиши Кониститутсия”, ассистенти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва ИИФ Далер Ҳомидов доир ба мавзӯи “Конститутсия – қонуни асосии давлат”, магистранти курси 1-уми кафедраи химияи фарматсевтӣ ва ИИФ Муҳаррама Валиева оид ба мавзӯи “Конститутсия – бахтномаи миллат” маърӯзаҳо намуданд.