МОДАР – ДУНЁИ МЕҲРУ ВАФО

157

Бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар факултети фарматсевтии ДМТ чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро декани факултет Раҷабзода Ф.К. оғоз намуда, занон ва бонувони факултетро ба ин иди хуҷаста табрик намуд.

Мавсуф зикр кард, ки занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дар самти маориф ва илм, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд касб намудаанд.

Дар чорабинӣ аз тарафи садорат ба бонувони факултет туҳфаҳои хотирмон ҳадя гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ ташкил ва пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.