КОНСТИТУТСИЯ АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ МАРДУМИ АДОЛАТПАРВАРИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

132

Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби бахту осоиш ва саодату оромиши миллат аст, ки дар масири солҳо, бо ҷонфидоии ҳазорҳо эҷод ва бунёд гаштааст. Миллати сарбаланди тоҷик ин шоҳқонуни хешро бо хуни ҷушони худ навиштааст, то аз қонуни зиндагии дунё будани ҳастии худро биҷўяд ва оромиши куллиро бо ангезиши субботу амният ва ояндаи дурахшони мамлакат тавъманд дарёбад.

Кониститутсияи ҶТ ба таъбири аксари коршиносони ҷаҳонӣ яке аз демократитарин қонунҳои асосии олам аст, ки дар он инсон ва манфиати ў арзиши олӣ ва нотакрор шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати сохт ва раванди пешбурди давлату давлатдорӣ, ҳамин Кониститутсияи худро 6 ноябри соли 1994 ум тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он тамоми ҳайёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фархангӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самтҳои фаъолияти сиёсати дохиливу хориҷиро муаян ва дар бобу моддаҳои он ба таври мукаммал дарҷ гардидаанд.

Дар ин қонуни асоси якпорчагии давлату миллат ва манфиатҳои он, эъмору ташаккули давлати навин ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва дуниявиву ягона дарҷ шудааст.

Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 мода иборат буда, фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди раванди ҷомеаи демокративу хукукбунёд муаян менамояд. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқарароти муаяннамудаи Кониститутсия дар кишвар ҳокисмияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ амал мекунад, ки пешбурди тамоми соҳаҳоро муаян ва пеш мебаранд.

Тибиқи сарсатрҳои Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боб ва моддаҳои он зикр шудааст, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кафили хифз ва ҳимояи ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд. Аз ин хотир тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқарароти зикршудаи Кониститутсия, ҳуқуқ ба таҳсил, хуқуқ ба муҳоҷират, ҳуқуқба оила бунёд кардан, мухимтар аз ҳама шаҳрвандони Чумхурии Точикистон ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ доштан дар дохил ва хоричи кишварро доранд, ки имрўзҳо пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.

Кониститутсияи Тоҷикистон кафили рушду суббот ва тақвияти иқтисоду фаъолияти озоди соҳибкорӣ аст, ки дар муддати 29 соли мавҷудият нишондиҳандаҳои назаррас ба бор омадааст. Маҳз дар мамлакат бо шарофати озодиву суббот ва кафолати қонунӣ, бахши иқтисод ва соҳибкорӣ дар авҷи рушд буда, тамоми меъёрҳои қонунии фаъолияти соҳибкорону рушди босуботи иқтисодӣ аз қонуни асосӣ маншаъ мегирад. Бунёду сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳибкорӣ далели гуфтаҳост.

Зикр кардан ба мавридаст, ки бо рушд ёфтани ҳайёти ҷамъияти дар Тоҷикистон, ба Кониститутсияи кишвар се маротиба тағиру иловаҳо ё ислоҳот ба тариқи райъпурсии умумимиллӣ дар солҳои 1999-2003 ва соли 2016 ум гузаронида шуд, ки ин тағиру иловаҳои ба Кониститутсия ворид карда шуда, заминаҳои нави рушди ҷомеаи демократии адолатпарварро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошт.

Дар асоси боби 8 ва моддаи 87- уми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳокимияти судӣ дар кишвар мустақил буда, аз давлат ва аз тарафи судияҳо амали карда мешавад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин қонунномаҳои асосии сатҳи ҷахонӣ аст, ки дар он ҳуқуқу озодии ҳар шахс дар ченаки олӣ муайян шуда, кафолати тамоми озодиҳоро барои ҳар як сокини саодатманди кишвар додаст.Ин аст, ки коршиносон мавҷудияти арзишмандии ҳуқуқи инсонро дар Кониститутсия тафсир мекунанд.

Ҳамчунин ҷиҳати боло бардоштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар бо пешниҳоди Ҳукумати малакат, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои нав аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қабул карда шуданд, ки дар осоиштагии мардум ва рушду пешрафти кишвар таъсири мусбии худро гузошт.

Ба қавли коршиносон, имрўз метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва ба хотири боло бардоштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун кишвари ислоҳотгару адолатпарвар дар арсаи чаҳонӣ метавон шинохт.

Рушди ҷавонон ва ташаккули шахсияти онҳо дар айёми пуршуру пуршарари ҷавонӣ яке аз масоили муҳиме мебошад, ки дар доираи озодии комил дар чаҳорчўбаи меъёрҳои қонунӣ рисолати созандагиро касб мекунанд.

Аксарияти коршинросон ва ҷавонони кишвар бар он боваранд, ки Конистиутсияи ҶТ кафили озодии рушди шахсияти ҷавонон ва таҳриқдиҳандаи онҳо ба суи саодати зиндагиву дурнамои зиндагии гуворо аст.

Ҳамакнун 29 сол мешавад, ки мардуми шарифи тоҷик дар сояи озодиҳои Конистиутсияи худ дар ҷараёни зиндагии орому шукуфо умр ба сар мебаранд ва 29 сол мешавад, ки Конистиутсия кафолати озоди зиндагиро дар сатҳи арзишманду олӣ ба мардуми саодатманди тоҷик додаст.

Дар маҷмуъ ёдовар шудан ба мавридаст, ки Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти 29 солаи амалкарди худ, дар пешбурд ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши муассири худро гузошта, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зиндагии арзанда ва фаъолияти озодонаро фароҳам овардааст.

Дар воқеъ Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми шаҳрвандон ва таъсирбахш дар ҳаёту рўзгори онҳо мебошад.

Раҷабзода Ф.К.,декани факултети фарматсевтӣ, дотсент Ҳикматзода И.И.,муовини декан оид ба таълими факултети фарматсевтӣ