ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ

61

Факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади хуб тарбия намудани мутахассисони соҳибкасб ва анҷом додани таҳқиқотҳои гуногуни илмӣ бо сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамкории судманд дорад. Ҳамин аст, ки дар заминаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзуи “Дастрасӣ ба доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ шуд ва дар он декани факултети фарматсевтӣ Раҷабзода Фариддун иштирок дорад. Гуфта мешавад, ки ҳамоиш бо дастгирии Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ шудааст.