ДОРУ АЗ МЕВАИ ДӮЛОНА. Онро устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории дилу рагҳо тайёр кардаанд

40

Дар доираи амалӣ намудани бандҳои «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва пешгирии бемориҳои дилу рагҳо аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз меваи дӯлонаи туркистонӣ, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, барои бемориҳои дилу рагҳо ва асаб дору тайёр шуда,  истеҳсоли он дар Парки технологии донишгоҳ амалӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муаллими калони кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтии донишгоҳ Фирдавс Каримов иброз дошт, доруҳои дӯлонагӣ дорои флавоноидҳо ва кислотаҳои тритерпении ҳамчун пайвастагиҳои фаъол мебошанд, ки кашидашавии миокардро зиёд менамоянд, гардиши хуни канорӣ ва истифодаи оксигенро беҳтар менамоянд, фишори хунро паст мегардонанд, таъсири зиддиаритмикӣ ва оромибахшандагӣ доранд. «Ашёи шифобахши растании дӯлона дар таркиби доруҳои гуногуни барои бемории дилурагӣ истифодашаванда ҳамроҳ карда мешаванд, масалан: Крегиум (экстракти барг ва гул), Биовитал (экстракти хушки баргҳо, меваҳо), Доктор Тейс Геровитал (экстракт), Доппелгертсэнерготоник (шароби мева), Кардио Герб (мева), Кардиплант (экстракти хушки баргу гул), Ново-пассит (экстракт), маводи гомеопатикии Пумпан ва маҷмагиёҳи «Касмин» (мева); барои пешгирии атеросклерозҳо – Ултравит (экстракти равғанӣ), Ангионорм (экстракт)», -гуфт Фирдавс Каримов.

Гуфта мешавад, ки ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ- ин коркарди маводи дорувории навъи ватании на танҳо химиявӣ, балки аз растаниҳо ҳосилшудаи рақобатпазир ва ивазкунандаи маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб меравад.

Дӯлонаи туркистонӣ (Crataegus turkestanica).  Номи маҳаллиаш дӯлона-хор ё дулони сурхак буда, дар кӯҳҳои Тиён-Шони ғарбӣ, Помиру Олой, Копетдоғ васеъ паҳн шудааст; дар нишебиҳои санглохи кӯҳҳо, дар камарҳои кӯҳҳои болои дарёҳои кӯҳӣ, дар баландии 900-2400 аз сатҳи баҳр сабзиш ёфта, дар баландиҳои то 1700 метр инкишофи беҳтарин нишон медиҳад. Маъмулан дар қисмати марказии Тоҷикистон, дар кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шимолӣ вомехӯрад.

Намояндаи авлоди Дӯлонаҳо – Crataegus L – оилаи садбарггулон – Rosaceae буда, дарахти бисёрсолаи баландиаш аз 5 то 15 м аст.

Ба гуфтаи директори Институти илмию таҳқиқотии донишгоҳ Сироҷиддин Раҷабзода, дар Тоҷикистон 11 намуди дӯлона мерӯяд: дӯлонаи туркистонӣ, дӯлонаи ҷунгарӣ, дӯлонаи дарвозӣ, дӯлонаи фишер, дӯлонаи олтойӣ, дӯлонаи ҳисорӣ, дӯлонаи хамираҷудокунанда, дӯлонаи патдори фиребо, дӯлонаи ҷайра, дӯлонаи помируолой ва дӯлонаи понтикӣ.

«Дар натиҷаи таҳлили адабиёти илмӣ мо муайян намудем, ки навъҳои дӯлонае, ки дар қаламрави Тоҷикистон мерӯянд, растаниҳое мебошанд, ки дар соҳаи дорусозӣ ҳамчун ашёи хоми ватанӣ дурнамои хуб доранд», -иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Раҷабзода, ашёи хоми дӯлонаро барои коркарду тайёр намудани маводи дорувории растанигӣ истифода бурдан мумкин аст. Ҳамин тариқ арзиши давоии истифодаи дӯлона (Crataegus turkestanica) асосан аз мавҷудияти зиёди моддаҳои фаъоли биологии таркиби он муайян мешавад.

Солҳои охир мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хатари сартосарии бемориҳои ғайрисироятӣ яке аз мушкилоти асосии тандурустӣ буда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ монеа пеш меорад. Бемориҳои дилу рагҳои хунгард, бахусус бемории ишемияи дил ва гипертонияи артериалӣ, инчунин бемориҳои мағзисарӣ сабабҳои асосии корношоямӣ, маъюбӣ ва фавти аҳолии бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон гардидаанд.

Аз ин хотир дар асоси ғояҳои муосири гиёҳдармонӣ дӯлона маводи универсалии қалбӣ мебошад, ки самаранокии табобатии он ба маҷмуи самтҳои мушаххаси гуногуни таъсири фармакологии он вобаста аст. Маводи фитотерапевтӣ доираи васеи таъсир доранд ва ҳангоми истифодаи онҳо дар якҷоягӣ бо доруҳои тавлифии муосир дар табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард хеле умедбахш ба ҳисоб мераванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

khovar.tj