ДАР СУҲБАТИ МУТАХАССИС

164

Имрӯз (28.02.2023) дар доираи нақшаи чорабиниҳои садорати факултети фарматсевтии ДМТ дар пояи кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи факултети мазкур семинари илмӣ – амалӣ бо иштироки муовини аввали Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, н.и.ф. Идибек Қадамов баргузор гардид.

Дар оғоз мудири кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология, дотсент Хуршед Шарифов доир ба соҳаи дорусозӣ дар низоми тандурустии кишвар сухан намуда зикр намуд, ки соҳаи фарматсевтӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисодиёти ҳар як кишвар ба шумор меравад. Ин соҳа бо мураккаб будани технологияи истеҳсол дар самти саноат бисёр муҳим ва сермасраф ба шумор меравад. Зеро соҳаи мазкур бо мушкилиҳои гуногуни худ шурӯъ аз марҳилаи коркард дар озмоишгоҳ ва экспертизаю ба роҳ мондани истеҳсоли мавод заҳмати зиёдро талаб менамояд. Маҳсулоте, ки дар ин намуди саноат истеҳсол мегардад, барои ҳифзи солимии инсон хеле муҳим буда, талабот нисбат ба он рӯз аз рӯз меафзояд.

Зимнан муовини аввали роҳбари Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ н.и.ф., Идибек Қадамов суханронӣ намуда, зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ, истифодаи дурусти маводи доруворӣ ва фаъолият дар самти назорати санитарию эпидемиологӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Зимнан номбурда доир ба ихтисосмандони соҳаи фарматсевтӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, тайёр ва коркард намудани маводи доруворӣ, назорати сифат, таҳлил намудани маводи доруворӣ, нозукиҳои соҳаи фарматсевтӣ, бехатарӣ ва савдои маводи доруворӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи фарматсевтӣ маълумот дод.

Таъкид гардид ки Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз сохторҳое мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи тандурустии кишвар ҳамаҷониба татбиқ намуда, баҳри ободии ҷомеа ва сиҳатмандии тамоми сокинони мамлакат талош меварзад.