БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ…

81

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои муҳими давлату миллат қарор додаанд.

Роҳбаридавлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққии соҳаи маориф ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар кишварамон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро барои солҳои 2020-2040 эълон намуданд.

Воқеъан қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани донишу неруи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, марҳила ба марҳила бо ҷалби омӯзгорони варзида ва бо таҷриба гузаронидани даврҳои интихобии олимпиадаҳо аз фанҳои физика, биология, химия, математика, технологияи иттилоотӣ ва ташкил намудани дарсҳои иловагию корҳои лабораторӣ ҷиҳати боло рафтани сатҳи дониши хонандагони болаёқат дар вусъати ҳаракатиолимпӣ, дарёфт ва шинохти истеъдодҳо ва ба ин восита дар оянда муайян намудани захираҳои зеҳнӣ мусоидат менаомояд.

Воқеан, такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин мавқеи эътимодбахши давлату ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон биҳиштосо гардидааст. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби омӯзгорон назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида; наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд; қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ба таҳлили коршиносон, дар замони муосир талабот ба нерӯи ақлӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, умуман дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири бузург мерасонад.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф таъкид намуданд: “ Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”. Ҳамчунин, дар идомаи суханрониашон қайд намуданд, ки “Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем”.

Бешак миллати тоҷик аз гузашти то ба имрӯз ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми махсус дошт ва дар тӯли таърихи хеш фарзандонеро ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд. Сарвари давлат дар вохӯриашон бо зиёиён 18 марти соли2021 махсус қайд карданд, ки “Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Кашфиёту дастовардҳои илмии Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Улуғбек, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд”.

Бесабаб ҳам нест, ки илова ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки “… Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст…” Албатта, Ватани мо аз сарвартҳои бебаҳо хеле бой мебошад. Барои самарабахш истифода бурдани ин ҳама сарватҳои бебаҳо бояд ҷавононро аз илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ хуб бархурдор намоем. Албатта, танҳо ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Тавре шоҳидем, сол ба сол таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, ва фарҳанг торафт меафзояд. Дар ин замина, омӯзгоронро зарур аст, ки ба ҷавонон аз рӯи донишу малака савод омӯзанд ва аз онҳо талаб намоянд, ки ба фанҳои табиӣ-риёзӣ низ диққати ҷиддиву бештар диҳанд. Бешак, пас донистани муҳиммияти фанҳои табиӣ-риёзӣ шавқи хонандагон ба омӯхтани ин фанҳо зиёд мешавад. Албатта, ҳамарӯза ба назар мерасад, ки бисёр ҷавонон ба омӯхтани ин фанҳо шавқи беандоза доранд. Дар баробари ин фаромӯш накунем, ки барои завқи наврасону ҷавононро бедор намудан дар омӯзиши ин фанҳо аз усулҳои навину замонавӣ истифода барем.

Чуноне ки, Президенти мамлакат изҳор намуданд, “… бояд назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, талабагон ва донишҷӯёну ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқнамоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем….” Дар ҳақиқат рӯй овардан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест, барои рушди босуботи иқтисодии мамлакат ва таъминоти рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон. Тоҷикистон аз маъданҳои зеризаминӣ, растаниҳо ва обҳои шифобахш хеле бой ва ғанӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, барои дуруст истифода бурдани он ҳама илмҳо табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нақши калидӣ дорад.

Донишҷӯён ва толибилмон, агар аз фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ хуб бархурдор шаванд, барои коркарди сарватҳои кишвар минбаъд чун мутахассис саҳми худро метавонанд гузоранд. Яке аз ҳадафҳои асосии бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар он аст, ки кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон дониши дақиқ дошта бошанд. Аз ин рӯ омӯзгорон бояд ба баланд бардоштани донишу малакаи худ бештар диққат диҳанд.

Сарвари давлат барои ҳавасманд гардонидани ҳар чӣ бештар ба илму маърифат ҷалб сохтани насли ҷавон силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла озмун ва олимпиадаҳоро эълон намуданд, ки дар баробари фанҳои сиёсатшиносӣ, гуманитарӣ боз барои рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ равона гардидааст. Озмунҳои мазкур барои рушди тафаккури насли наврас ва ҷавонон заминаи мусоидро фароҳам месозад.

Пешвои миллат пайваста наврасон ва ҷавононро ба хондани китобҳои бадеъиву илмӣ ҳидоят менамоянд. Бешак ин тадбир қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳоро тақвият мебахшад.

Тавре шоҳидем, ба соҳаи маориф ва илм ҳамасола дар низоми буҷаи кишвар дар қиёс ба дигар соҳаҳо бештар маблағ ҷудо карда мешавад. Ва аз ҳама муҳим Пешвои миллат дар ҳар суханрониҳояшон ба масъалаи бунёди мактабҳо китобхонию илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навин пайваста таваҷҷуҳ намуда, аз иҷрои супоришҳо аз масъулон пурсон мешаванд. Тавре Президенти мамлакат дар Паёмашон таъкид доштанд, ки “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд” дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат ба Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд, супориш доданд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала таҳия ва амалӣ намоянд. Албатта, ин дастуру супоришҳо гувоҳи аз он медиҳад, ки дар Тоҷикистон дар самти ихтироъ ва навовариҳо ва пешрафти илму технологияи навин қадамҳои устувор гузошта истодааст. Маҳз бо ҳамин мақсад дар кишварамон солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд.

Албатта, дар ҷараёни амалисозии ин иқдом бистсолаи омӯзиш хоҳ-нохоҳ мушкилотҳои объектививу субъективӣ мавҷуданд, вале новобаста ба онҳо, татбиқи ҳадафмандонаи тадбири мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Аллоев Ш.А.,ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология