БАРРАСИИ МАВЗӮҲОИ ИЛМӢ ДАР САМТИ ФАРМАТСЕВТӢ

224

Имрӯз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар заминаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳаққиқони ҷавон корҳои илмию таҳқиқотиро дар ин самт анҷом медиҳанд. Имрӯз (21.10.2022) бори аввал дар пояи кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз факултетҳои навтаъсис мебошад, марҳилаи пешаздифоии (кафедравӣ) рисолаҳои илмии муҳаққиқони ҷавон: Рабиев Раҳматулло Маҳмадуллоевич дар мавзӯи «Таҳияи таркиб ва технологияи шакли дору дар асоси моддаҳои фаъоли биологии чойкаҳаки шахшул, ки дар Тоҷикистон мерӯяд», Рахимова Малика Халимовна доир ба «Разработка состава и технологии антидиабетического сбора» ва Махсудов Кобилджон Саидмаҳдиевич дактаранти Ph.D- ҳамин кафедра дар мавзӯи «Разработка состав и технологии лекарственный форм антибактериального и разнозаживляющего действия на основе листьев шалфея мускатного, произрастающего в Таджикистане» доир гардид. Мавзӯҳои илмӣ аз ҷониби олимону устодони соҳибтаҷриба мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Умед аст, ки дар муҳлати муайян мавзӯҳои илмӣ ба дифоъ роҳ меёбанд.