АЗ ТУ МАН САРВАТ НАМЕХОҲАМ, ВАТАН ҲАСТИ БАСАСТ!

79

Дар чунин давлати зебову осуда зиндаги намудан барои ҳар яки мо тоҷикистониёнхушбахтист. Ин фазои сулҳу осудагӣ, серию пури, зебогию озодагӣ худ аз худ пайдо нашудааст. Агар аз таърих ёд орем, рӯзҳои сахте ба сари мардуми тоҷик омада буд ва дар даврони истиқлолиятмо шоҳиди он ҳастем, ки аз он рузҳо пайе ҳам намондааст. Ин нишонаи он аст, ки дар давлати мо сиёсати хуб ба роҳ монда шудааст. Сиёсати сулҳпарварона, ягонагӣ, якдилӣ, дустӣ, фарҳангпарварӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯз то рӯз ба қуллаҳои баланд мерасонад. Ҳар яки мо шоҳиди онем, рузе нест, ки парчами Тоҷикистон дар ягон кунҷи дунё бардошта нашавад ё ин ки номи тоҷик гирифта нашавад. Ин ҳамадастовардҳо натиҷаи заҳматҳои кашидаиАссосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомали Раҳмон мебошад, ки ҳамчун падарвор ба ватану миллаташ ғамхори менамояд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои тоҷикистониён шароити хубе фароҳамаст барои илмомӯзӣ, мавқеи худро дар ҷомеа ёфтан, илму маърифати ватанро баланд бардоштан, чунки бе илм пешрафти давлат, ҷомеа ғайриимкон аства чуноне, ки мебинем аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёде аз давлатҳои дунё шартномаҳобаста шудааст, ки имрӯз барои мардуми тоҷикдарвозаҳодар ҳама самт барои илмомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ, такмилдиҳӣ, иштирок дар конфересия ва озмунҳои байналмилалӣ, тандурустӣ ва саёҳаткушода аст.

Бояд ҳамватанони мо фаромуш накунанд он рӯзҳои сахти гуруснагӣ, оворагардӣ, садои мотам, ки дар аввали солҳои90-ум аз ҳар хонаи дуюм баланд мешуд барои аз даст додани ҷигарбанд, бародар, падар ва танҳо сиёсати сулҳпарворанаиАссосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомали Раҳмон буд, ки мардуми тоҷиктинҷиву осудагиро ба даст оварда Тоҷикистони азизамон соҳибистиқлол шуд. Ин фазои тинҷиву оромиро мо тоҷикистониён бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Гаштаю баргашта ба фарзандонамон дар бораи бо кадом азобҳо ба ин рӯзҳоихуби ҳаёт расиданамон қисса намоем, чунки ҳар як хуби дар муқоиса бо бади нагз намоён мешавад.

Дар охир гуфтани ҳастам, ки ман бо ватани худ мефахрам, шукрона мекунам! Фахр менамоям, ки тоҷик ҳастам! Мо ҷавонон ҳимоятгари ватан ҳастем ва то рузе ҷон дар бадан дорем бояд ба халқу ватани худ хизмат намуда содиқ бимонем.

Сайфуллоева Дилбар Файзидиновна – номзади илмҳои фарматсевтӣ, муаллими калони кафедраи химияи фарматсевтӣ ва ИИФ-и факултети фарматсевтӣ ДМТ