ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО ВОЛИДОН

70

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Донишгоҳи миллӣ силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо падару модарони донишҷӯёни факултетҳо ба роҳ монда шудааст. Вохӯрии навбатӣ бо волидайни донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ ва химия доир шуд, ки дар толорҳои бинои марказии донишгоҳ сурат гирифт.

Дар оғоз ректори донишгоҳ вобаста ба зарурати баргузории вохӯриҳои мазкур суханронӣ намуда, қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишандузӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзандон, маърифатнок намудани онҳо, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон муҳим аст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани ҷавонон изҳори андеша менамоянд.

Дар идомаи ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомот ва натиҷаҳои ҷамъбасти сессияи имтиҳонӣ баррасӣ шуд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либос, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки донишҷӯён мебояд ба масъалаҳои фарҳангу этикаи либосҳои милливу муқарраргардидаи фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ ва эҳтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.

Гуфта шуд, ки ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд хуб тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. Чунин вохӯриҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ва равобити дуҷонибаро бо оила барқарор кардан баргузор карда мешавад, ки ташкил намудани чунин вохӯриҳо ва ҳамкорҳои густурда дар оянда метавонад дар тарбияи ҷавонони саодатманд мусоидат намояд.