ҚАДРДОНИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ

437

Декани факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мусозода Сафол Мираҳмад доктори фахрии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина (ш. Харков) пазируфта шуд.

Дирӯз бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина ҳамоиши илмӣ-амалӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни Украина дар донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар робита ба ин чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина зумрае аз намояндагони донишгоҳҳои ҳамкорро қадрдонӣ намуданд.

 Бояд гуфт, ки факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муддатест, ки дар самтҳои илму таълим бо Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина ҳамкории судманд дорад. Дар заминаи ин ҳамкориҳо декани факултети фарматсевтии ДМТ Мусозода Сафол Мираҳмад бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина пазируфта шуд.

Унвони фахрӣ муборак бошад!