Дар факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо иштироки устодону кормандони факултетҳои мазкур баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025 роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ сарпарасти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонзода Далер ва декани факултети тиббӣ Изатулозода А. С. ва декани факултети фарматсевтӣ Каримзода Ф. У. ширкат варзида, бо андешаҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ оид ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва таҳдидҳои дигари амниятӣ суханронӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки мубориза бо ин хатарҳо бояд на танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, балки бо саҳми фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ сурат гирад.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар раванди ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва муқовимати муассир бо терроризму экстремизм аҳамияти бузург доранд.