ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ

19

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои таърихӣ, аз ҷумла иди Меҳргон эҳё гардид. Сарчашмаҳоикуҳани таърихӣшаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Имрӯз (22.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни куҳанбунёди тоҷикон – Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.Намояндагони сохторҳои мухталифиДонишгоҳ аз дастархони идонаи чанде аз факултетҳои Донишгоҳ, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣбуд, боздид намуданд.

Сипас дар толори фарҳангии Донишкадаи Конфутсий бо иштироки меҳмонону устодони Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронии худ зикр кард, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Меҳргон чун дигар ҷашну идҳоимиллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем.

«Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст» – гуфтааст Пешвои муаззами миллат.

Дар идома, устодони Донишгоҳ: Равшан Раҳмонӣ – профессори факултети филология ва Ҷонибеки Асрориён – устоди факултети таърих доир ба таърихи ҷашни Меҳргон суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.

«Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғaллaкopoн, бoғy токпарварон, чорводорон, механизаторони меҳнатқарин бо ғaйpaти дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд»- таъкид шуд дар чорабинӣ.

Дар интиҳои чорабинӣаз тарафи ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣпешниҳод гардид.