Таҳсили шартномавӣ

   Таҳсил дар асоси шартномаи маблағи пардохт яке аз шаклҳои амалигардонии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ба шумор меравад.

   Фаъолияти факултети тиббии-фарматсевти оид ба ҷалб намудани маблағҳои ғайрибуҷетї ва тайёр намудани мутахассисон ба тариқи шартномавї дар асоси Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбї ва баъдидипломї», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома «Дар бораи пайваста тайёр кардани  мутахассисони дорои маълумоти олї ва миёнаи касбї бо роҳи шартномавї» ва дигар санадҳои  меъёрї ҳуқуқї ба танзим дароварда мешавад.

   Маблағи таҳсилоти шартномавиро пеш аз қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар комиссияи қабул Раёсати Донишгоҳи миллї дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

   Њуҷҷатҳои шахси довталаб  пас аз супоридани маблағи шартнома ба хазинаи Донишгоҳ аз тарафи  комиссия қабули пазируфта  мешавад. Маблағи шартнома ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои довталаб чанд сомоние муқарар гардида бошад, онгоҳ шахс паз аз имтиҳонҳои дохилшавиро супоридан ва донишҷу гардидан дар тамоми тулии таҳсил ҳамин маблағро месупорад.

   Тартиби ҳисоб намудани маблағї шартнома ва дигар масъалаҳои мушахасро Дастуруламал «оид ба тартиби ҳисоб намудани нархномаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи шартнома», ки Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 июни соли 2008 № 12/23 тасдиқ карда шудааст, ба танзим медарорад.