Кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология

  Мудири кафедра- н.и.фарм., дотсент, Шарифов Хуршед Шералиевич
Суроға: ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 17, бинои 3, ошёнаи 5-ум, утоқи 508
Телефон: 221-61-22
E-mail: sharifov-khurshed@mail.ru

Ҳайати кадрӣ

Шарифов Хуршед Шералиевич

Холназаров Баҳодур Маҳмадназарович

Хоҷаев Файзиддин Маҳмудович

Зарипова Муҳабат Маҳмадқулловна

Самариддини Ҷурахон

Ҳикматзода Изатуллои Исматулло

Рабиев Раҳматулло Маҳамадуллоевич.

Давлатзода Наргиси Самад

Мусоев Раҳмоил Сафарович

Олимов Парвиз

Ҳасанов Шоҳин Абдухалилович

Лукманова Шоира Шуҳратовна

Ашурова Сарҳадби

Таърих

Кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология аз соли 2020 то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.фарм., дотсент, Шарифов Хуршед Шералиевич, ба уҳда дорад.

Айни ҳол дар кафедра устодони собиқадору пуртаҷриба ба монанди: дотсент Шарифов Х.Ш., профессор Холназароб Б.М., дотсент Хоҷаев Ф.М., дотсент Зарипова М.М., муалими калон Самариддини Ҷурахон, ассистентон Ҳикматзода И.И., Рабиев Р.М., Давлатзода Н.С., Мусоев Р.С., Олимов П., Ҳасанов Ш.А., Лукманова Ш.Ш., ва лаборанти кафедра Ашурова С., фаъолият бурда истодаанд.

Кафедра имрӯзҳо яке аз кафедраҳои пешрафтаи донишгоҳ ба шумор рафта, аз фанҳои технологияи фарматсевтӣ, технологияи саноати дору, технологияи Ҷолинусӣ, фармакология, фармакотерапия, фармакологияи клиникӣ, технологияи дору бо косметология, таҷҳизот ва равандҳои технологияи маводи ороишию косметологӣ, технологияи маводҳои дорувории оришию косметологӣ дар факултетҳои донишгоҳ дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои  амалӣ мебаранд. Устодони кафедра семинарҳо ва конфросҳои илмию назариявӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо марӯзаҳо фаъолона ширкат меварзпнд. Бо заҳмати устодони кафедра 14 барномаи таълими ва силабусҳо инчунин 7 дастури таълимию методӣ бо ду забон (давлати ва русӣ) ва 3 китоби дарси бо забони давлати ва русӣ таёр карда шудааст. Инчунин кафедра ба тарбия намудани кадрҳои баландихтисос ва омода намудани олимони ҷавон аҳамияти хосса медиҳад.

         Инчунин дар кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология ҷамъияти илмии донишҷӯён ҶИД ва маҳфилҳои Ҷолинус, профессор Мусозода фаъолият менамояд, ки дар бедор кардани майлу рағбати донишҷӯён барои корҳои илмию тадқиқотӣ ва эҷодӣ заминаҳои наззарас фароҳам месозад.