Кафедраи фармакогнозия

  Мудири кафедра Раҳимова М.Х.
Адрес ш. Душанбе, х. Рудаки 17, бинои №3, ошёнаи 5, утоқ 503.
Телефон 909096551
Е-mail: r.malika@inbox.ru

Ҳайати кадрӣ

Ному насаб Вазифаи ба ўҳдадошта
Раҳимова М.Ҳ и.в. мудири кафедра, муаллимаи калон
Шарифова Ш.Ю муаллимаи калон
Каримов Ф.У ассистент
Бобоёрзода Қ.Р. ассистент
Шарипова  Г.М. ассистент
Қарамирзоева Д.А лабарант

Таърих

         Кафедраи фармакогнозия бо фармоиши ректори ДМТ аз 04 09 2020 тибқи №387-6 таъсис ёфта, аз якуми сентябри соли 2020 фаъолият мекунад. Кафедраи фармакогнозия дар факултети фарматсевтии ДМТ яке аз кафедраҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои фарматсевтӣ Наврўззода Г. Ф. буданд.  Аз октябри соли 2021 мудири кафедра Раҳимова М. Ҳ. уҳда  доранд.

         Дар кафедраҳайати устодон аз фанҳои тахассусии «Фармакогнозия», «Захирашиносӣ», «Фитотерапия», «Биотехнологияи фарматсевтӣ», «Муқаддимаи ихтисос», «Таърихи фарматсевтӣ», «Технологияи маводи ороишӣ ва атторӣ», «Фармакогнозия бо асосҳои фитокосметология» ба донишҷўён  дарс медиҳанд.

         Дар айни замон Раҳимова М. Ҳ вазифаи мудирии кафедраро ба уҳда доранд. Устодони соҳибтаҷриба аз фанҳои дар боло зикргардида дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалию лабараторӣ мегузаронанд.

Фаъолияти таълимии кафедраи фармакогнозия

Кафедраи фармакогнозия кафедраи тахассусии факултети фарматсевтӣ буда, дар тайёр намудани мутахассисони ҷавони дорусоз нақши калон дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани аҳолии мамлакат бо маводи дорувории ватанӣ, махсусан аз ашёҳои хоми растаниҳои доругӣ маводи дорувори ниёзи мардум мутахассисони баландихтисос кафедраи фармакогнозия мавқеи муайянро дорад.

Кафедраи фармакогнозия дар тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос фаъолона иштирок менамояд. Ҳар сол зиёда аз 40 донишҷўёни курсҳои 5-ум рисолаҳои илмии худро бомувафақият ҳимоя менамоянд. Дар айни замон дар кафедра 1 нафар магистр ва 3 унвонҷў ба корҳои илмӣ-таҳқиқоти машғуланд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кафедра дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳои методи низ хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра 1 китоби дарсӣ ва зиёда аз 2 дастури таълимию методӣ ба табъ расондаанд, ки донишҷўён дар раванди таълим аз он истифода мебаранд.

Фаъолияти илмӣтадқиқотӣ

Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра бо мавзўи илмии  устодони кафедра алоқамандӣ дорад. Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии кафедраи фармакогнозия устодон дар 1 самт, 1 масъала ва 1 мавзўъ кору фаъолият намуда истодаанд.

  1. Самти илмии кафедра. Такмилдиҳии таъминоти маводи доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Масъалаи илмии кафедра: Зиёд намудани номгуи ашёи хоми растании доругӣ.
  3. Мавзўи илмии кафедра: Омўзиши ботаникӣ ва фармакогностии растаниҳои худрўй ва киштшавандаи флораи Тоҷикистон.

Роҳбари илмии мавзўи тадқиқотии кафедраи фармакогнозия и.в. мудири кафедра Раҳимова М.Ҳ.

Дар кафедра инчунин махфили илмии донишҷўён бо номи  «Фармакогност» фаъолият мекунад, ки   зиёда аз 10 донишҷўи фаъол дар ин маҳфил фаъолона иштирок мекунанд.

Дар кафедраи фармакогнозия 3 унвонҷуён фаъолият мекунанд:

Шарифова Шабнам Юсуфовна, унвонҷўи Академияи давлатии фарматсевтии шаҳри Перми Федератсияи Россия буда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Белоногова Валентина Дмитриевна дар мавзўи “Фитохимическое исследование горца дубильного флоры Таджикистан” тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 20 фишурдаву мақолаҳои илмӣ мебошад.

Каримов Фирдавс Убайдуллоевич унвонҷўи кафедраи фармакогнозияи ДМТ буда, таҳти роҳбарии профессорҳо  Раҷабов С. И., ва Юсуфи С. Ҷ. дар мавзўи: “ Таҳияи шакли дору дар асоси моддаҳои фаъоли биологии дулонаи туркистонӣ ва дулонаи понтикӣ, ки дар Тоҷикистон мерўяд” тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 6 фишурдаву мақолаҳои илмӣ мебошад.

Бобоёрзода Қудратуллои Раҳматулло унвонҷўи кафедраи фармакогнозияи ДМТ буда, таҳти роҳбарии  профессор Мусозода Сафол Мираҳмад дар мавзўи:”Таҳияи таркиб ва технологияи сиропи балғамрон дар асоси моддаҳои фаъоли биологии растании чоқлаи паҳн барг”. тадқиқоти илмӣ бура истодааст. Муаллифи зиёда аз 8 фишурдаву мақолаҳои илмӣ мебошад.

Устодони кафедра дар баробари кор  таълимӣ дар конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалниз фаъолона  иштирок менамоянд.

Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати кормандони кафедра дар зиёда аз 3 ихтироот , патентҳо, инчунин дар  12 мақолаҳои илмӣ ва маводи конфронс инъикос ёфтааст.

Дастовардҳои илмии мудири кафедра Раҳимова Малика Ҳалимовна назаррас буда дар 14 –умин Намоишгоҳи байналмилалии бонувони ихтироъкор “KIWIE -2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ-шаҳри  Сеул сазовори медали нуқра гардид. Ихтирооташ бо номи “ Маҷмаагиёҳи зиддидиабетӣ” пешниҳод гардидааст.

             Фаъолияти кафедраи фармакогнозия дар  маҷмуъ на танҳо дар дохили донишгоҳ, балки фаротар аз он низ ҳамчун яке аз марказҳои бунёдиву созандаи мутахассисони дорусоз маълум ва назаррас аст .