ХАТАРИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ БА ҲАЁТИ ҶАВОНОН

197

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ба монанди экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, мубориза бурда натиҷаҳои назаррасро ноил гаштааст.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз Асосогузори сулҳу ваздати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.Дар ин миён нақши Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли охир дар Интернет (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба “муваффақиятҳои чашмрас”-е ноил гаштаанд. Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияҳои ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳанд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонон махсусан хонандагони макотибҳои таҳсилоти умумиву олӣ ташкил медиҳанд.Аз ин рӯ, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ рӯ ба шабакаҳои интернети оварданд. Қабл аз рӯ овардани гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба Интернет онҳо фаъолиятҳои террористиву экстремистиашонро бо роҳи дигар ба роҳ мемонданд, ки сарфи вақти зиёд ва маблағи зиёдро тақозо мекард. Масалан, гурӯҳҳои ифротиро лозим меомад, ки ҷиҳати таблиғ ва афзоиш додани ҳаммаслаконашон афроди омӯзиш дидаву касбии бештареро ҷалбу киро кунанд, то маводи таъсиррасонро ба монанди фиттаҳои аудио-видеоӣ, маҷаллаву варақаҳо ва китобу брошурраҳоро ба кишвару давлатҳои мавриди ҳадафашон қароргирифта интиқол диҳанду онҳоро бо ҳар роҳу усулҳои гуногун миёни мардум паҳн намоянд ва андешаву ғояҳои палиду разилашонро аз номи дини ислом дар мағзи ҷавонони гумроҳу, бесавод, ҷо кунанд. Ин усул, ки тайи чандин даҳсолаҳо аз ҷониби ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу равияҳои террористиву ифротгаро мавриди истифода қарор дошт, дигар барои пешбурди фаъолияти онҳо кор намедод. Чунки давлат ва кишварҳое, ки дар ин самт омӯзишу баррасии роҳу усулҳои мазкур, таҷриба ҳосил карда буданд, тамоми роҳу усулҳои мазкурро бастанду маҳдуд намуданд.Аз ин рӯ, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба Интернет рӯ оварданд, чунки Интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишторию аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ Интернет дунёест бузург, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад.

Гурӯҳҳои ифротӣ аксарияти вақт барои ба ҳадафҳои нопокашон расидан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Одноклассники, Faceebook, B контакте, Twitter ва мессенҷерҳо WhatsApp, Viber, Telegram, Faceebook Messenger, Skype, ва ғайра истифода менамоянд. Таблиғу анҷоми амалиётҳои террористию ифротӣ дар шабакаҳои мазкур вобаста ба имкониятҳои корбурдашон аз ҷониби созмонҳову ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Террористону экстремистони аз номи ислом баромадкунанда равишҳои зеринро дар Интернет барои расидан ба ҳадаф ва мақсадҳои худ мавриди истифодақарормедиҳанд. Мақомоти салоҳиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар рафти муборизаи иттилоотӣ амалиётҳои махсуси иттилоотиро амалӣ менамоянд.

Амалиёти махсуси иттилоотӣ, ё ин ки амалиёт дар рафти муборизаи иттилоотӣ – ин маҷмӯи чорабиниҳои махсуси иттилоотие ҳастанд, ки аз ҷониби гурӯҳи таъминоти таҳлилӣ ва иттилоотии субъектҳои мақомоти салоҳиятнок дар чаҳорчӯбаи маъракаи иттилоотӣ гузаронида мешавад. Мо бояд ҳамеша кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи оби ватанамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, хушёрию зиркиро аз даст надода, ба ҳамлаҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ муқовимат карда, арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳифз намеом.

Мо – шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият дастовардҳои Истиқлолияти давлатии худро бо меҳнати софдилона дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошем.

Бобоёрзода Қудратулло, устоди факултети фарматсевтӣ