Имрӯз (17.10.2025) дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Флораи Тоҷикистон – сарчашмаи боэътимоди таҳияи маводи доруворӣ» баргузор гардид. Конференсия бо ташаббуси кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтӣ ва бо иштироки намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ, инчунин, коршиносони соҳа баргузор шуд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимии факултет ва ташкилотҳои ҳамкор боздид намуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Раҷабзода Ф.К. аҳамияти баргузории чунин як конференсияи сатҳи баландро барои соҳаи фарматсевтӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ихтисоси фарматсия яке аз ихтисосҳои калидӣ ҳисобида шуда, дар тамоми давлатҳои мутамаддин мавқеъи хоса дорад.
Иброз гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти пешбурди рушди илму навовариҳои ватанӣ яке аз муассисаҳои бузурги пешбарандаи илмию таълимии кишвар маҳсуб меёбад ва дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат ба ҳамгироӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот талош намуда, ба тарвиҷи илмҳои дақиқу бунёдӣ ва тарбияи ихтироъкорону эҷодкорони ҷавон, мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯи соҳаи дорусозӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Сипас декани факултет, дотсент Каримзода Ф. зимни баромади худ зикр намуд, ки омӯзиш, таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругии Флораи Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Интихоб гаштани мавзуи мазкур бо он мақсад аст, ки паҳлуҳои муҳимтари соҳаи дорусозӣ омӯхта шавад ва дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» такони наве бахшад.
Зимнан барои тақвият бахшидан ба соҳа дар конференсия як қатор мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла “Таъсири фармакологии экстракти моеъи донаи ангур ба нишондодҳои физиологӣ ва биохимиявии хун дар ҳайвонҳои озмоишгоҳӣ”, “Биофарматсия – асоси назариявии технологияи дору”, “Таҳқиқоти фитохимиявӣ ва фармакотехнологии гиëҳи шифобахши Angelica ternata Regel & Schmalh”, “Таҳлили омории ҷамъбастии натиҷаҳои пурсиши аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба огоҳии онҳо аз муҳимияти назорати мунтазами фишори хун”, “Таркиби биологӣ дар асоси растаниҳо ва пептидҳо барои таҳкими функсияи системаи масуният”, “Аҳамияти зеҳни сунъӣ дар сохтан ва таҳияи маводи нави доругӣ” баррасӣ гардиданд.
Ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва пешниҳоду мулоҳизаҳо ба анҷом расид.