Истиқлолият ва қадамҳои устувор дар роҳи рушд

284

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 31 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ таърих ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Зикр кардан ба маврид аст, ки қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби гуруњои манфиатхоҳ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид ва он рӯзи муборак ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳо таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босурат ҳамчун ҳадафҳои дигари стратегӣ дар зарфи 31 соли Истиқлолият бо қабулу амалисозии барномаҳои давлатӣ ва ҷалби шарикони рушд иқдомҳои бузург роҳандозӣ гардида, кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардњои назаррас ноил гардид. Хушбахтона ба назар мерасад, ки имрўз давлати мо дар самти тараққиёти саноатӣ қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Ба назар мерасад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рўз то рўз баланд шуда, имрўз мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Ҳамингуна дастовардҳои чашмгирро дар соҳаҳои дигар низ дида мешавад.

Бо зикри дастовардҳои 31 соли даврони истиқлолият ин нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои ҳаётӣ, ба дастовардҳои даврони мо таҳдид намуданаш аз эҳтимол дур нест. Онҳо пеш аз ҳама ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти давлати мустақил, сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардум, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои пурқимати миллии мардуми тамаддунсози мо монеаҳои хатаровар эҷод мекунанд. Аз ин рў, муборизаи мо бар муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».

Дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Ҳукумату давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Ҳикматзода И.И., муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети фарматсевтии ДМТ