
Дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо мақсади амали намудани Стратегия, Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид, ки дар кори он Мардихудо Давлатов – сардори раёсати тарбияи ДМТ ва Гадоев Нусратулло Зувайдуллоевич – дотсети кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар нишаст санадҳои зериин мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (2020–2025);
2. Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021–2030);
3. Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои давраи то соли 2030;
5. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон (2022–2026);
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»;
7. Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020–2025);
8. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018–2028);
9. Нақшаи кории Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (давраи сеюм);
10. Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм (2021–2025);
11. Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030.







