КОРРУПСИЯ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

9

бахшида ба 9-уми декабр, Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия)

Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то имрӯз бар ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин зуҳуроти номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд.

Коррупсия рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи хеле қадима дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро зери танқид гирифтаанд. Дар қарни 21 низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд. Барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 онвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Конвенсия ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошта, он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст. Дар сарсухани конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид чунин омадааст: “Коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ва болоравии эхтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад, обрую нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд, дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони талофинашаванда мерасонад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун гардида, шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад. Аксарияти иштирокдорони муносибатҳои коррупсионӣ сарчашма ва ҳатто фармоишгари ҷиноятҳои нисбатан хатарнок ба мисли кушторҳои фармоишӣ ва терроризм мебошанд, мақомоти ба коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, гурӯҳи мансабдорони фасодкорро бо соҳибкорон муттаҳид менамояд, ки дар натиҷа имконияти воридшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ ва ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада (софкории пул) шароит фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, коррупсия ба масъалаи таҳдидкунандаи амнияти миллӣ мубаддал мегардад. Иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, дар натиҷа, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани масъалаҳои иҷтимоӣ бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад ва маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор буҳрони буҷавии кишварро ба вуҷуд меорад, нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷотҳои иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот оварда мерасонад, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба масъалаҳои коррупсия низ рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои муқовимат бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади муқовимати бевосита ба коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба муқовимат ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он то имрӯз зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд:

«Коррупсия зуҳуроти номатлубест , ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтис одиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Қобил ба зикр аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти масъалаи муқовимат ба коррупсия ба инобат гирифта шуда, рӯзи 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил карда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия моҳи декабр соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар ҷомеаи демократӣ зистан чунини маъно дорад, ки новобаста аз мавқеи гуногунандешӣ эҳтиром ва андешаҳои худро танҳо ва танҳо барои давлату миллат бидуни ягон зарар ва зиён ба он, иброз намудан лозим аст. Амалҳои коррупсионӣ як солу ду сол набуда дар давраҳои гуногун, ки исботкунандаи таърихӣ доранд, ба вуҷуд омадааст ва барои пешгирии омилҳои он меъёрҳои махсус ҷорӣ гардида буд. Аз ҷумла, дар қонунҳои Рими қадим коррупсияро ҳамчун вайронкунии ғайриқонунӣ нисбат ба шахсони хизматгор меҳисобанд. Бояд қайд намоем, ки коррупсия ва мубориза бар зидди он дар ҷаҳон аз гузашта то ба ҳол яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар даврони муосир низ ниҳодҳои махсус баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил шуда дар ин самт фаъолият мекунанд. Имрӯз дар давлати мо ва умуман дар тамоми ҷаҳон мақомотҳои дахлдор мавҷуданд, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди ин амалҳои номатлуб пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки амалҳои нанговари коррупсионӣ ба амал наояд. Ҳангоми даст ба коррупсия задан аз тарафи шахсони дахлдор ҷазои ҳуқуқӣ муайян шудааст. Мутаасифона коррупсия ва амалҳои номатлуби он яке аз омилҳои хатарнок ва нангин дар ҷомеа боқӣ мемонад. Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб таъкид намуда буданд: «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад». Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намоянд. Пораву тамаъҷӯи ё худ коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки дар қиёс бо терроризму экстремизм зишттару хатарнок аст. Чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки новобаста дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карданашон ба коррупсия даст зада (пинҳонкорона) ба пояи давлату миллат теша мезананд.Аз таъқидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳар яки мо худамон намунаи ибрат бошему аз ин амал дури ҷӯем ва баъдан дигаронро ба он талқин намоем. Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетараф нашуда, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунем ва чун шаҳрванди ватандӯст ба сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зидди коррупсиониро ба амал орем.

Имруз, коррупсия ба яке муҳимтарин монеаи рушди сиёсӣ ва иқтисодии шиноҳта шудааст. Бо вуҷуди талошҳои зиёд, чиҳати мубориза бо ин падида то ҳоло роҳи ҳалли муносиб ва муасире барои он ёфта нашудааст. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши рузафзуни ин падида дар миёни ҷомеаҳои инсонӣ, рушди фақр, беадолатӣ, нотавонии қонун ва набуди ҳикимият ба унвони осор ва оқибатҳои қатъии фасод ва нокоромадии механизмҳои мавҷуда барои муқоибила бо фасод дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ, аз ҷониби дигар барои ҷилавгири ва беҷазо мондани муфсидон, ки осор ва паёмадҳои рафторашон дар бархе маврид, камтар аз ҷинояткорони ҷангӣ нестанд.

Мавҷудияти фаровони миёни фасод ва ҷиноят бар зидди башарият, ҳамчунин таваҷҷуҳ ба бархе аз маводи асосномаи ҳоки аз ин воқеият аст ки тадвинкунандагони аосонома дар вақти тадвини он, аз ибораҳое истифода карданд, ки битавонанд ҳар гуна ҷинояте, ки мумкин аст дар оянда рух диҳад ва виҷдони башариятро мутаасир намояд вале дар феҳристи ҷиноятҳои бар зидди башарият намебошад бемуҷозот нагузоранд. То бо ин васила қонунро ки дар ҷазодиҳи ҷиноятҳои навзуҳур мисли коррупсия, ки бар асари ниёзҳо ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ шакл гирифтаанд ва осори ва паёмадҳои ҳамсатҳ  бо дигар ҷиноятҳои мазкур дар банди моддаи ҳафтуми асоснома доранд ҷуброн шавад.

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Таъсири манфи ба эътимод ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ – коррупсия, эътимоди байни кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалиро коҳиш медиҳад. Вақте ки як давлат ҳамчун кишвари фасодзада муарифи мешавад, дигар кишварҳо дар ҳамкориҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ бо он бо тардиди бештар бархӯрд мекунанд.

Афзоиши ҷиноятҳои созмонёфта ва терроризм – коррупсия метавонад ба унвони бистаре барои фаъолиятҳои муҷримона ба мисли, пулшуӣ ва фирори сармоя амал кунад. Инчунин метавонад ба гурӯҳҳои террористӣ имконият диҳад то дар кишварҳои заифшуда аз коррупсия барои таъмини молӣ ва фаъолиятҳои густурдаи хеш баҳраманд шаванд.

Заифсозии низоми демократӣ ва ниҳодҳои маданӣ – фасоди сиёсӣ, масъулиятпазирии давлатро коҳиш медиҳад ва намояндагии воқеии мардумро дар сиёсатгузориҳо таъриф мекунад. Ин падида боиси заиф шудани ниҳодҳои демократӣ шуда, гурӯҳҳои фишор ва носолимро пурзӯр месозад, ки ин метавонад ба суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъсири манфи гузорад.

Мақсади ҳар як давлат ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар фароварди сухан бояд қайд кард, ки боварӣ дорам, ки кишвари мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.

Фирдавс КАРИМЗОДА —декани факултети фарматсевтӣ,

Шоҳин ҲАСАНОВ — муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети фармасевтӣ