ПАРЧАМИ МИЛЛӢ: ЯКЕ АЗ РАМЗҲОИ ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

21

Зимни музокироту нишастҳои байналмилалӣ, бояд бо ғурур ва ҳувияти миллӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дарк намоем, ки зери парчами давлатӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунем. Ҳар лаҳзае, ки ба ифтихори пирӯзиҳои варзишкорони Тоҷикистон парчами давлатӣ баланд афрохта мешавад, ҳамаи мардуми кишвар ва тоҷикони берун аз он низ ифтихор мекунанд ва бо ҳисси меҳанпарастӣ рӯҳу илҳом мегиранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Вақте ки дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе қадам мезанед, яке аз диданиҳо ва зебоиҳои ин шаҳр, ки билофосила таваҷҷӯҳи шуморо ба худ чалб мекунад, Парчами миллӣ ва ё “Боғи Парчами миллӣ” мебошад, ки парчами миллии Тоҷикистонро бо ифтихор ба ҷавлон дароварда аст. Ин “Боғи Парчам”, ки ба “Майдони Парчами миллӣ” низ маъруф аст, на танҳо як сутуни филизӣ аст, балки рамзе аз ҳуввият, таърих ва ғурури миллии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо дастгирии бевоситаи сарвари давлат, 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе парчами давлатӣ дар пояи махсус барафрохта шуд, ки он дар баландии 165 метр парафшонӣ карда, дарозии он 60 метр ва бараш бошад 30 метрро ташкил медиҳад ва айни замон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин парчам ба ҳисоб рафта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабти ном шудааст. Ин парчам, замоне баландтарин парчами ҷаҳон буд ( аз соли 2011 то соли 2014. Соли 2014 парчами Арабистони Сауди бо баландии 170 метр, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва Парчами миллии мо бо баландии 165 метр чойи дуюмро гирифт) достоне аз фарҳанг, иттиҳод ва пешрафти ин кишварро ривоят мекунад.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум мекунад. Он 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад. Парчам дорои се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад.

Парчами миллӣ дар муносибатҳои байналхалқии муосир ба унвони рамзи ҳуввият, ҳокимият ва истиқлолияти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад ва аҳмияти он дар мавридҳои зерин ифода меёбад: муаррифӣ ва арзишҳои кишвар, рушди иттиҳоди миллӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ, эҳтииром ва эътибор дар маросимҳои расмӣ ва дипломатӣ. Истифодаи дуруст ва риояи протоколҳои марбут ба парчам дар вохӯриҳои расмии байни сарони кишварҳо, дар созмонҳои байналмилалӣ зарур буда, ишондиҳандаи эҳтироми мутақобил ва усули дипломатӣ бошад.

Парчами ҳар як кишвар маҳсули тарзи тафаккур ва муаррифгари ҳар як миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ин рамзи миллии ҳар як кишвар буда, аз ангезаҳо ва ормонҳои ҳар як миллат далолат мекунад ва то ҳаде баёнгари шароити ҷуғрофӣ, моҳияти фарҳангӣ ва воқеаҳои сарнавиштсоз дар таърихи ҳар як миллат аст.

Барои мисол, ранги сабзро дар бештари парчами кишварҳои ҷаҳон монанди парчами Эрон, Афғонистон, Арабистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаронро метавон мушоҳида кард, ки нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Расмҳои мухталиф бар руйи парчамро метавон бозтоби ҳуввият ва фарҳангӣ як миллат донист. Яке аз омилҳои таъсиргузор дар мавқеи сиёсати хориҷӣ ва пайгирии манофеи миллӣ, аз нигоҳи соҳибназарон ва коршиносони масоили байналмилалӣ риоя ва усули дипломатӣ аз суйи мақомҳои расмӣ ба вижа коршиносони сиёсати хориҷӣ донист.

Ташрифот, дар ҳар як дидорҳои дипломатӣ ва расмии мақомҳои кишварҳои мухталиф усули маълум ва мушахас дорад, ҳамчунин зарофатҳои рафторӣ, макон ва тарзи истиқбол, шеваи насб, овезон, усули истифода аз парҷам аст.

Тибқи усули ташрифоти масъулони ҳайатҳои ташрифоти кишварҳо ва роҳбарон бояд қабл аз соати мулоқоти мақомҳои кишварашон бо мақомҳои кишварҳои дигар дар маҳали мулоқот ҳузур ба амал оварда, барасиҳои лозимаро барои омода будани мақомоти ташрифоти анҷом диҳанд.

Яке аз корҳои муҳими ҳайатҳои ташрифотӣ, назорат кардани парчамҳо мебошад, ки бояд парчамҳо бо нақшаҳои саҳеҳ ва ҷойи муайяни худашон қарор гирифта ва мушкиле дар ин бобат вуҷуд надошта бошад ва агар мушкиле ба вуҷуд ояд ҳам роҳи ҳали он ба ин сурат аст, ки раисони ҳайатҳои ташрифоти бояд ҳамеша ду парчам дар рӯимиз ва парчами махсуси автомобил дошта бошанд.

Дар ташрифоти байналмилаӣ ва дар замони дидори мақомҳои ду кишвар, парчам бояд дар замоне мавриди истифода қарор гирад, ки ду мақоми ҳамсатҳ бо ҳам дидор мекунанд. Қонуни байналмилалие вуҷуд дорад, ки агар шахсияти дипломатӣ бо мақоме, ки ҳамсатҳ набошад метавонанд аз парчами кишвари меҳмон истифода кунанд. Маҳалли истифода аз парҷам бар рӯйимизӣ музокира хоҳад буд ва дар замони нишасти хабарӣ, пушти сар парҷами кишвари ҳар шахсият қарор дода мешавад.

Дар сурате, ки қарор бошад парчами чанд кишвар дар маҳҳале насб шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбон аст парчамҳо ҳама бар асоси ҳуруфи алифбои лотинӣ номи кишварҳо насб мешаванд ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни парчами кишварҳо қарор мегирад. Ҷойи насб ва қароргирии парчам яке аз нуқоти бисёр муҳим аст зеро, набояд дар сатҳе насб шавад, ки ҳурмат ва эҳтироми парчам аз байн равад.

Парчам дар ҳар ҷое ки насб ва мавриди истифода қарор гирад, дорои аҳамияти муҳим мебошад ба ин маъно , ки қабл аз он чизе набояд насб ва ё қарор дода шавад. Роҳбарони ҳайатҳои дипломатӣ, насби парчам дар болои сохтмони дафтари кор, автомобил ва маҳали иқомати худ ҳастанд ва дигар аъзоён ҳақи истифода аз парчамро надоранд магар дар набудани сафир масъулияти намояндагии он кишварро бар уҳда дошта бошанд.

Парчами миллӣ, дар муносибатҳои байналхалқӣ, рамзи ҳуввият, ҳокимият ва истиқлоли ҳар як кишвар аст ва дар маросими расмӣ ва байналмилалӣ, ба вижа дар дидорҳои дипломатӣ, конфронсҳо, барои намоиши эҳтироми мутақобил, иттиҳод ва ҳуввияти миллӣ ба кор меравад. Ин рамз нақши муҳиме дар ташрифоти дипломатӣ ва таҷассуми фарҳанг ва таърихи ҳар як миллат дорад.

Нақши парчами миллиро дар равобити дипломатӣ ва муносибатҳои байналхалқии муосир, чунин метавон зикр кард:

Дидорҳои расмӣ – дар дидорҳои расмии миёни мақомҳои ду кишвар, парчамҳои ҳарду кишвар ба унвони рамзе аз баробари ва эхтироми мутақобил ба намоиш гузошта мешавад. Магар дар шароите, ки фарқияти сатҳи протоколии миёни мақомот вуҷуд дошта бошад.

Созмонҳои байналмилалӣ – дар конфронсҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, парҷами кишварҳо дар маконҳои мушаххас қарор дода мешаванд то ҳӯзур ва ҳамкориҳои ҳамаи кишварҳоро нишон диҳанд.

Аҳамияти риояи протоколҳо – нобудии рияои протоколҳо, ба вижа дар тарзи ороиши парчамҳо дар ҳар як маросим, метавонад паёме иштибоҳ дар бораи эҳтиром ё ҷойгоҳи кишварҳо ирсол кунад.

Аҳамияти парҷами миллиро дар муносибатҳои байналхалқӣ чунин аст:.

Рамзи ҳуввият ва фарҳанг – парчам, хулосае аз таърих, фарҳанг, дин, сиёсат ва ормонҳои ҳар як миллат аст ва ба унвони рамзи қудрат барои муаррифӣ ва шинохти як кишвар ба кор меравад.

Абзоре барои ҳамбастагии миллӣ – парчам бо иттиҳоди гурӯҳҳои мухталиф дар ҳар як кишвар таҳти арзишҳои муштарак, боиси рушди ғурури миллӣ ва эҷоди ҳисси таалуқ дар миёни шаҳрвандон мешавад.

Рамзи ҳокимият ва истиқлолият – намоиши парчам ба шакли расмӣ, нишондиҳандаи ҳокимият, иқтидор ва истиқлолияти ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ аст.

Ҳидояткунандаи равобити байналмилал – парчамҳо дар самитҳои байналмилалӣ, конфронсҳо ва вохӯрии расмии миёни чонибҳо, ба унвони рамзи кишварҳо барои нишон додани ҳузур, эътибор ва тамоил ба ҳамкори ба кор мераванд. \

Мазҳари эҳтиром дар ташрифот – эҳтиром, таваҷҷӯҳ ва дастурамалҳои марбут ба парчам (мисли тарзи насб ва ё гузоштан, овезон ва ҷобаҷои) дар маросимҳои расмӣ, нишондиҳандаи эътиром ба кишвари тарафи муқобил талқин мешавад.

Рамзи қудрат ва иттиҳод – парҷамҳо рамзе аз қудрат ва иттиҳоди як гурӯҳ ё миллат мебошанд ва ба ҳамин сабаб мавриди эътиром қарор мегиранд.

Рамзи ҳуввият ва ҳокимият – парҷам, намоёнгари ҳуввият, истиқлол ва ҳокимияти миллии ҳар як кишвар аст ва дар болотарин сатҳ, рамзи миллат ва ормонҳои он маҳсуб мешавад.

Ҷойгоҳ дар ташрифоти дипломатӣ – истифода аз парҷамҳо дар вохӯриҳои расмии роҳбарони кишварҳо, вазирони корҳои хориҷа ва дигар мақомҳо, қисми ҷудоинопазире аз протоколҳои дипломатӣ аст. Шева ва ҷойгоҳи қароргирии парҷамҳо нишондиҳандаи эҳтиром ва ҷойгоҳи тарафайн аст.

Рамзи иттиҳоди миллӣ – парҷам ба унвони рамзи ҳуввият, иттиҳод дар гурӯҳҳои мухталиф тарҳӣ арзишҳои муштарак кумак карда ва эҳсоси таалуқро дар миёни шаҳрвандон тақвият мекунад.

Корбурд дар конфронсҳои байналмилалӣ – дар конфронсҳои муҳим ва ҷаласаҳои байналмиллаӣ, ки барои тасмимгириҳои ҷаҳонӣ баргузор мешванд. Парчамҳо барои намоиши ҳуввият кишварҳо ва бастани қарордодҳо ба кор мерванд.

Иртибот бо таърих ва фарҳанг – парҷамҳо илова бар рамзӣ қудрат, бозтобдиҳандаи дин, мазҳаб, фарҳанг, шароити ҷуғрофӣ ва таҳаввулоти муҳими ҳар як кишвар ҳастанд.

Парчами миллӣ ифодагари ҳувият, нангу номус ва иттиҳоду сарҷамъии ҳар як кишвари миллии замони муосир мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимилӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бояд гуфт, ки парчами миллӣ, ин рамзи пирӯзиву давлатдории мост ва парафшон гардидани он ба ҳар як фарди бо нангу номуси миллат илҳоми тоза баҳри расидан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ мебахшад.

Парчами миллӣ мояи сарбаландию некӯнасибии миллати соҳибватан аст. Аз ин ҷост, ки ба шарофати хизматҳою қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат парчами Ватани маҳбуби мо дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҷавлонгар аст. Дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷик аст. “Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад”.

Фирдавс КАРИМЗОДА —декани факултети фарматсевтӣ

Шоҳин ҲАСАНОВ — муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети фармасевтӣ