МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

67

Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.


Эмомалӣ Раҳмон

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.

Дар баробари ин, дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфидоиҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова, духтари Октябр Низорамоҳ Зарипова дида метавонем.

Дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд.

Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.

Боиси хушнудӣ ва ифтихори мо занон ҳаст, ки имрӯз Сарвари мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Бояд қайд кард, ки 50 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳ ба шуғли онҳо сол то сол афзоиш ёфта, дар пешрафти соҳаи гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ ва ғайра судманд арзёбӣ мешавад.Хушбахтона, бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир мардум ба ин масъала бо диди нав, бо назари тоза менигаранд. Дар давраи пеш аз соҳибистиқлолии кишвар дар навоҳии дурдасти мамлакат шумораи занҳои хонашин ва духтарони аз таҳсил дурмонда хеле зиёд буд. Занҳо имкони аз хона берун шудан ва ё ба ягон кори давлатӣ машғул шуданро надоштанд. Имрӯз тарбияи занони бомаърифатро қабл аз ҳама бояд дар оила ва мактаб мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао робитаи зичи мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола тавассути Квотаи президентӣ садҳо духтарон – хатмкардаҳои дабистонҳои деҳот дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчун кадрҳои зарурӣ ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Онҳо ба кору вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъмин гардида, аз кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Аксари ин духтарон андешаи солиму созанда дошта, ба ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд бо назари нек менигаранд. Онҳо роҳбарони соҳибкасбу соҳибтаҷриба ва чашмикордон, модарони мушфиқу меҳрубон, ҳамсарони вафодор буда, барои ба даст овардани мақсад аз ҳеҷ гуна шебу фароз ҳаросе надоранд. Бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва иродаи шикастнопазир маърифатнокиро шарти муҳимми комёб шудан меҳисобанду рисолати бузурги ватандориро бар душ гирифтаанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуданист ва бошад, ки ин масъалҳои роҳи маърифат ва ободкориҳоро ҳамеша фурӯзону тобанда бубинем. Умуман барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст.

Ашурализода Фарзона Ашуралӣ,Валиева Муҳарама Зафарҷоновна,ассистентони кафедраи химияи фарматсевтӣ ва ИИФ – и факултети фарматсевтии ДМТ