ҶАБҲАҲОИ БИОФАРМАТСЕВТИИ ТАҲИЯИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ

50

Бо чунин ном имрӯз (15.10.2024) бо ташаббус ва ибтикори факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Конференсияи мазкур ба сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфта, зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар самти пешбурду пояндагии рушди илму навовариҳои ватанӣ яке аз муассисаҳои бузурги пешбаранда ва илмию таълимии кишвар маҳсуб меёбад, дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳо ва таъкидҳои Пешвои маҳбубамон ба ҳамгироӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот талош намуда, ба тарвиҷи илмҳои дақиқу бунёдӣ ва тарбияи ихтироъкорону эҷодкорони ҷавон, мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯи соҳаи дорусозӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Рушди дорусозии Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон дар заминаи фаъолияти сарҷамъонаи факултети фарматсевтӣ, Парки технологӣ, шуъбаи илмҳои табиатшиносӣ, фарматсевтӣ, дақиқ ва риёзии Институти илмию таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои ДМТ ба роҳ монда шудааст, ки маҳз бо баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ боз ҳам равшантар ва ҳадафмандтар гашта, дар татбиқи «Барномаи рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Зимнан сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми ВТ ва ҲИАҶТ доктори илмҳои фарматсевтӣ, академики АМИТ Саломудин Юсуфӣ сухан намуда, зикр намуд, ки конференсияи байналмилалии илмию амалӣ ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои муосири самти таҳияи маводи дорувории нав, омӯзиши бозори фарматсевтӣ, стандартизатсияи маводи доруворӣ, фаъолияти фарматсевтӣ, омӯзиши хосиятҳои фармокологии доруворӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ шароити зарурӣ фароҳам месозад.

Ҳамзамон,декани факултет Фирдавс Каримов зимни баромади худ қайд намуд, ки интихоб гаштани таҳлилу омӯзишҳои васеи ҷанбаҳои биофарматсевтӣ ҳамчун мавзуи конференсия, бо он мақсад ба роҳ монда шудааст, ки паҳлуҳои муҳимтари соҳаи дорусозӣ боз ҳам равшантар омӯзиш гарданд ва дар татбиқи ҳадафи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифбарои солҳои 2020 – 2040» як такони наве бахшанд. Чуноне ки ба аҳли соҳа маълум аст, биофарматсия – асоси назариявии технологияи дору, яъне сохтани дору ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар кори конференсия д.и.х., профессор, Раҷабзода Сироҷиддин доир ба “Роҳҳои ҷудокунии равғани донаи ангур, омӯзиши таркиби фитохимиявӣ, хусусиятҳои биологӣ ва соҳаҳои истифода”, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессори кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТСафол Мӯсозода доир ба “Биофарматсия – асоси назариявии технологияи дору”, н.и.т., дотсенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТ,Зарипова М.М. доир ба “Истифодаи маводи доруворӣ дар хона-интернатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,муаллими калони кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТ, Пайрав Халифаев, оид ба “Интихоби технологияи ратсионалӣ ҳангоми таҳияи дору бо назардошти ҷанбаҳои биофарматсевтии он” ва дигар олимони соҳаи фарматсевтӣаз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Белорусия тариқи маҷозӣ марӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки истеҳсоли ватании маводи доруворӣ имрӯз дар бозори фарматсевтӣ ҳиссаи намоёнроташкил медиҳад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар истеҳсоли маводи дорувориро бо ҷалби олимони ватанӣ зиёд ба роҳ монем.