РАСТАНИИ ДУЛОНА ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ДИЛУ РАГҲОИ ХУНГАРД

381

Дулонаи туркистонӣ (Crataegus turkestanica). Номи маҳаллиаш дулона-хор ё дулони сурхак буда, дар кӯҳҳои Тиён-Шони ғарбӣ, Помиру Олой, Копетдоғ васеъ паҳн шудааст; дар шебиҳои санглохи кӯҳҳо, дар камараҳои кӯҳҳои болои дарёҳои кӯҳӣ, дар баландии 900-2400 аз сатҳи баҳр сабзиш ёфта, дар баландиҳои то 1700 метр инкишофи беҳтаринро аз худ нишон медиҳад. Маъмулан дар қисмати марказии Тоҷикистон дар кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шимолӣ вомехӯрад.

Намояндаи авлоди Дӯлонаҳо – Crataegus L – оилаи садбарггулон – Rosaceae, дарахти бисёрсолаи баландиашон аз 5 то 15м мерасад.

Таҳлили адабиёти илмӣ нишон дод, ки дар Тоҷикистон 11 намуди дӯлона мерӯяд: дӯлонаи туркистонӣ, дӯлонаи ҷунгарӣ, дӯлонаи дарвозӣ дӯлонаи фишер, дӯлонаи олтойӣ, дӯлонаи ҳисорӣ, дӯлонаи хамираҷудокунанда, дӯлонаи патдори фиребо, дӯлонаи ҷайра, дӯлонаи помируолой ва дӯлонаи понтикӣ.

Дар натиҷаи таҳлили адабиёти илмӣ мо шокор намудем, ки доир ба навъҳои дӯлонае, ки дар қаламрави Тоҷикистон мерӯянд, растанҳое мебошанд, ки дар соҳаи дорусозӣ ҳамчун ашёи хоми ватанӣ дурнамои хуб доранд.

Ашёи хоми онро барои коркарду тайёр намудани маводи дорувории растанигӣ истифода бурдан мумкин аст. Ҳамин тариқ арзиши давоии истифодаи дӯлона (Crataegus turkestanica) асосан аз мавҷудияти зиёди моддаҳои фаъоли биологӣ дар таркиби он буда, муайян карда мешавад.

Бо мақсади бартараф намудани баъзе мушкилотҳои ҷойдошта дар тибби амалӣ мо таҳқиқи фито-химиявии растании дулонаи туркистонӣ (дулона-хор ё дулони сурхак)-ро мавриди омӯзиш қарор додем.

Солҳои охир мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки хатари сартосарии бемориҳои ғайрисироятӣ яке аз мушкилоти асосии тандурустӣ буда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ монеа пеш меорад. Бемориҳои дилу рагҳои хунгард бахусус бемории ишемияи дил ва гипертонияи артериалӣ, инчунин бемориҳои мағзи сарӣ сабабҳои асосии корношоямӣ, маъюбӣ ва фавти аҳолии бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида аст.

Бемориҳои дилурагӣ ба эпидемияи воқеии асри XXI табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар тули 15 соли охир, бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар байни сабабҳои марг ва маъюбии калонсолон ва ҷавонон ҳоло ҳам мавқеи пешсафии худро нигоҳ медоранд. Инчунин ба инобат гирифтан муҳим аст, ки фавти солонаи бемориҳои системаи дилурагӣ, ки тақрибан 17,7 миллион нафарро ташкил медиҳад, 31%-и нишондиҳандаи тамоми ҳолатҳои фавти ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Натиҷаҳои таҳқиқотҳои сершумор нишон доданд, ки ҳамасола дар Аврупо сабаби 4 300 000фавт – ин бемориҳои системаи хунгардӣ муайян шудааст ва дар кишварҳои пешрафтаи Иттиҳоди Аврупо бошад, сатҳи фавт зиёда аз 2 000 000 нафарро нишон медиҳад, ки ин дар маҷмӯъ 48 ва 42 % – и шумораи умумии ҳамаи ҳолатҳои фавтро ташкил медиҳад.

Тибқи пешгӯиҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, то соли 2030 аз бемориҳои дилу рагҳо, аз ҷумла аз бемориҳои дил ва ихтилолҳои мағзисарӣ тақрибан 23,6 миллион нафарро ташкил хоҳанд дод.

Муайян карда шудааст, ки бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар баробари дигар зуҳуроти бемориҳои мубодилаи моддаҳо (фарбеҳӣ, диабети қанд, подагра, гиперлипидемия) нишондиҳандаи асосии маъюбӣ ва маслуқшавии аҳолӣ мебошад.

Дар айни замон дар байни бемориҳое, ки сабабгори асосии фавт ва боиси талафоти бузурги иқтисодӣ, бад шудани нишондиҳандаҳои демографӣ ва некуаҳволии мамлакатҳои гуногун мегарданд, бемориҳои системаи хунгардӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Бемории умумии аввалиндараҷаи аҳолии калонсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли як қатор дигар кишварҳо, асосан бемориҳои системаи гардиши хун, системаи нафаскашӣ, саратон, диабети қанд ва сабабҳои берунӣ (ҷароҳатҳо ва садамаҳо) вобаста, ба ҳисоб мераванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала аҳамияти калон дода мешавад. Мисоли ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо ва ҷароҳатҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» аз 3 декабри соли 2012, № 676, метавонад бошад.

Дар байни сабабҳои фавти дилурагӣ дар ҷойи аввал бемории ишемияи дил (62,8 ҳолат ба 100 000 нафар), дар ҷойи дуюм бемории рагҳои мағзисарӣ (1,7 ҳолат ба 100 000 нафар) қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, аз чор се ҳиссаи бештари ҳамаи фавтҳои аз беморихои дилу рагҳои хунгард метавонад тавассути тағйир додани тарзи зиндагӣ ва ислоҳи омилҳои хавфи рафторӣ пешгирӣ карда шаванд. Вобаста ба гуфтаҳои боло, пешгирии бемориҳои дилурагӣ дар Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муҳими давлатӣ эътироф шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамасола тақрибан 16 000 нафар аз бемориҳои гуногуни дилу рагҳои хунгард, бахусус шахсони синни қобили меҳнат, мефавтанд. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нишон медиҳанд, ки доруҳои растанигӣ барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳои хунгард манфиатнок ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ омӯзиши олами набототро на бояд тамомшуда ҳисобид, зеро дар айни замон қисми нисбатан ками растаниҳои дар флораи Тоҷикистон рӯянда, яъне аз 4500 намуди растаниҳои олӣ, тақрибан 1500 намуди онҳо доругӣ буда аз ин 30фоизаш аз ҷониби олимони ватанӣ ва хориҷӣ омӯхта шудааст.

Бо мақсади истифодабарии самарноки растаниҳои доругӣ, ки захираи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят зиёд аст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 №569 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шуд.

Аз ин рӯ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ин коркарди маводи дорувории навъи ватании на танҳо синтезӣ (химиявӣ), балки аз растаниҳо ҳосилшудаи рақобатпазир ва ивазкунандаи маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин ҷустуҷӯйи навъҳои нави ашёи хоми растаниҳои доругӣ (АХРД), такмил додани технологияи коркарди онҳо, инчунин истифодаи маҷмуавии растаниҳои доругие, ки дар флораи Тоҷикистон ба таври васеъ мерӯянд, аз вазифаҳои муҳими соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, таҳияи маводи доругӣ, ки ба низоми гардиши хун таъсири мусбат расонад, яке аз вазифаҳои умда ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, истифодаи маводи растаниҳои доруворӣ барои табобати бемориҳои музмини дилу рагҳои беморони ҷавон ва куҳансолон маводи доругии бартариятнок ҳисобида мешаванд.

Яке аз чунин маводи аз ҳама беш истифодашаванда ашёи хоми растаниҳои дорувории навъҳои дӯлона ба ҳисоб меравад. Хусусиятҳои шифобахшии дӯлона ба маҷмӯи моддаҳои фаъоли биологӣ, аз ҷумла флавоноидҳо, сапонинҳои тритерпенӣ ва кислотаҳои органикии таркиби он вобаста аст.

Дар асоси ғояҳои муосири гиёҳдармонӣ, дӯлона маводи универсалии қалбӣ мебошад, ки самаранокии табобатии он бо ҳамтаркибёбии маҷмӯи самтҳои мушаххаси гуногуни таъсири фармакологии он вобаста аст. Маводи фитотерапевтӣ доираи васеи таъсир доранд ва ҳангоми истифодаи онҳо дар якҷоягӣ бо доруҳои тавлифии муосир, дар табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард хеле умедбахш ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ, унвоҷӯи кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳияи технологияи экстракти моеъ, экстракти хушки меваи дӯлонаи туркистонӣ (Сrategus turkestanica) ва технологияи ғилофакҳоро бо экстракти хушки дӯлонаи туркистонӣ, ки дар Тоҷикистон мерӯяд дар назди Парки технологӣ ба роҳ мондаанд.

Пешниҳод мегардад, ки бори аввал технологияи бартариятноки истеҳсоли экстракти моеъ, экстракти хушк ва ғилофакҳои желатинии сахт бо экстракти хушки меваҳои дӯлонаи туркистонӣ, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, таҳия карда шувад.

Инчунин шароити бартариятноки нигоҳдорӣ барои экстракти хушк ва ғилофакҳои меваи дӯлонаи туркистонӣ, инчунин устувории онҳо дар давоми мӯҳлати пешбинишуда (бо истифодаи усулҳои муосири физикӣ-химиявии таҳлил) муқаррар карда шудааст. Ғайр аз ин тавассути таҳқиқотҳои биологӣ безарар будани экстрактҳои хушки дӯлонаи туркистонӣ муайян карда шудааст, бехатарӣ ва имконияти дар амалияи тиббӣ ва дорусозӣ истифода бурдани он низ муқаррар карда шудааст.

Ҳамин тариқ технологияҳои ба даст овардани экстракти моеи дӯлонаи туркистонӣ дар Пойгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии фарматсевтии Парки технологӣ ва Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, экстракти хушк ва ғилофакҳои желатини сахт – дар шароити нимистеҳсолӣ амалӣ шуда истодааст.

Доруҳои дулонагӣ дорои флавоноидҳо ва кислотаҳои тритерпении ҳамчун пайвастагиҳои фаъол мебошанд, ки кашидашавии миокардро зиёд мекунанд, гардиши хуни канорӣ ва истифодаи оксигенро беҳтар менамоянд, фишори хунро паст мегардонанд, таъсири зиддиаритмикӣ ва оромибахшандагӣ доранд. Ашёи шифобахши растании дулона дар таркиби доруҳои гуногуни барои бемории дилурагӣ истифода шаванда ҳамроҳ карда мешаванд, масалан: Крегиум (экстракти барг ва гул), Биовитал (экстракти хушки баргҳо, меваҳо), Доктор Тейс Геровитал (экстракт), Доппелгертсэнерготоник (шароби мева), Кардио Герб (мева), Кардиплант (экстракти хушки баргу гул), Ново-пассит (экстракт), маводи гомеопатикии Пумпан ва маҷмагиёҳи «Касмин» (мева); барои пешгирии атеросклерозҳо – Ултравит (экстракти равғанӣ), Ангионорм (экстракт).

Аз ин рӯ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ин коркарди маводи дорувории навъи ватании на танҳо тавлифӣ (химиявӣ), балки аз растаниҳо ҳосилшудаи рақобатпазир ва ивазкунандаи маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин кушиши унвоҷӯи кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯйи навъҳои нави ашёи хоми растаниҳои доругӣ, такмил додани технологияи коркарди онҳо, инчунин истифодаи маҷмуавии растаниҳои доругие, ки дар флораи Тоҷикистон ба таври васеъ мерӯянд, равона карда шудааст ва барои амалӣ намудани пайвади илм бо истеҳсолот талош намуда истодаанд.

Ҳамин тариқ, дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда ходимони илмии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чунин хулоса омадаанд, ки аз меваҳои дӯлонаи туркистонии дар Тоҷикистон рӯянда, таҳияи доруи нави кардиотонӣ, ки он на танҳо самарабахш мебошад, балки барои истеҳсол ҳам дастрас мебошад ва ба мақсад мувофиқ аст.

Раҷабзода Сироҷиддин Икром,директори Институти илмиютаҳқиқотии ДМТ, д.и.х. профессор,

Каримов Фирдавс Убайдуллоевичмуаллими калонии кафедраифармакогнозияи факултетифарматсевтии ДМТ