ПАРЧАМ – ИФОДАГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

228

Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории мо ҷойгоҳи хоса ва собиқаи дерина дорад. Инаст, ки имрӯз мардуми шарифи кишвар ба Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори рамзҳои дигари давлатиамон – Нишон ва Суруди миллӣ эҳтироми зиёд доранд.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо ва ҳатто дар майдонҳои варзишӣ, мавҷуд аст. Инаст, ки ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ, рамзи ҳастии миллат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии мо тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои миллиамон – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон-Парчам ва дертар нишон қабул карда шуданд.

Бо гузашти 31 сол аз баргузори ин иҷлосияи таърихӣ ва 32 соли соҳибистиқлолӣ, ки сулҳу субот пойдор аст, имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон чун нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои бузург дар кишвари мо бо тантана таҷлил мегардад ва дар таърихи тоҷикон нақши муассир дорад. Парчам давлатӣ барои халқи мо аз зумраи муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Набояд фаромуш кард, ки Парчами миллӣ дар ҳама давру замон баёнгари соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ ва соҳибдавлатии ҳар як миллат буд, ҳаст ва мемонад. Миллати тоҷик бо фарҳанги баланду эҳсоси амиқи ватандӯстии хеш расму оини ниёгони худро ҳамеша пойбарҷо нигоҳ медорад ва ба арзишҳои олии худ эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамин Парчами серангаи тоҷдори нурафшон мешиносад. Маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтиромгузорӣ ба Парчами давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе “Боғи Парчами Миллӣ” бунёд шуд, ки он ифтихори мо мебошад. Дар маркази боғи мазкур Парчами давлатӣ парафшонӣ мекунад, ки баландии умумии он 165 метр буда, яке аз баландарин Парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ барои тамошои ин сутуни бузург ба кишвари мо ташриф меоранд.

Парчами ҳар кишвар рамзи ҳувияти миллии мардуми он кишварро ба намоиш мегузорад ва рангҳову рамзҳои дар он истифодашуда реша дар таъриху тамаддуни он миллат дорад.

Дар таърихи миллати мо Дирафши ковиёнӣ парчами даврони пеши мо маҳсуб ёфта, нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан ҳамосаи миллии мо, – “Шоҳнома”- Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз он ба маротиб ёд шудааст.

Парчами давлатии Тоҷикистон моҳиятан идомаи суннати парчамдории миллати куҳанбунёди тоҷик, идомаи ҳамон Дирафши ковиёнӣ мебошад, ки дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат аст.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ имрӯз парчами Тоҷикистон чун рамзи давлатдории тоҷикондар болои бинову иншоотҳои давлатӣ ва дигар корхонаву идораҳо гузошта мешавад.

Хушбахтона бо гузашти 32 соли соҳибистиқлолӣ ва порйдори сулҳу ваҳдат Парчами мо ҳамчун рамзи давлатӣ, ифодагари ормонҳои миллӣ ва муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гузошта шуда, парафшонӣ менамояд.

Аз ҷониби дигар, имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллати сарфарози мо гардидааст, ки дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишӣ бо соҳиб шудани ҷойҳои намоён аз ҷонмиби қаҳрамонҷавонони миллати мо барафарохта мешавад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мо шоҳиди ба ваҷд омадани одамон ва рехтани ашки шодӣ аз ифтихороти миллию давлатӣ мешавем.

Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилал боз ҳам баланд бардорем.

Ҳикматзода И.И., мушовири академии дараҷаи 2-и факултети фарматсевтӣ

Сахратов В.А., мушовири академии дараҷаи 2-и факултети фарматсевтӣ