КОРРУПСИЯ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

215

Имрӯз (25.10.2023) дар толори калони факултети тиббии ДМТ вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, химия, фарматсевтӣ ва Институти илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Стратегиям давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии имрӯза судяи Суди Олии ҶТ Маҳмадзода Хуршед Бобохон, судяҳои Суди н. Шоҳмансури ш. Душанбе Назарзода Даврон Қувват, Муродзода Ардашер, прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии ҶТ Умарзода Искандар Маҳмадӣ, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихон, Раҳимзода Шералӣ, намояндаи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин, мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Нозим Исмат ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Акбарова Зулхумор Муҳитдиновна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Расмҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.