ОГОҲӢ БА НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

213

Имрӯз дар доираи силсилавохӯриҳои масъулини бахшҳои талиму тарбияи донишгоҳ мулоқоти хосаи масъулин бо донишҷӯёни курси аввали факултети фарматсевтӣ доир гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия миён донишҷӯён мебошад.

Дар вохӯрии навбатӣ масъулин дар самти қоидаҳои низоми таҳсилот, талаботи самти тарбия, иҷрои дастур супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ, ҳамзамон, такмил додани донишҳои ҳуқуқию ҳисси ватандӯстӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки садорати факултет бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ барои беҳбудии кор ва хуб таҳсил намудани донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам сохтааст. Донишҷӯёнро зарур аст, ки бо интизоми намудавӣ дар самти омӯзиши илму таълим талаш варзида, мутахассиси хуби соҳаи хеш гарданд.