ФЛОРАИ ТОҶИКИСТОН САРЧАШМАИ ТАҲИЯ ВА ТАТБИҚИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ

310

Синтез ва захирашавии моддаҳои фаъоли биологӣ дар растаниҳо аз омилҳои гуногуни табиӣ, шароити иқлим, маҳали ҷойгиршавӣ, обу хок, рушноӣ ва бисёр факторҳои дигар вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз шароити мусоиди иқлим ва хоки Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар таркиби растаниҳо бисёр моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол захира гарданд. Дар айни ҳол моддаҳои фаъоли биологии растанигиро ҳамчун ашёи хом дар соҳаҳои атторӣ, ороишӣ, хурокворӣ, дорусозӣ, кимиё, тиб ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд.

Аз замонҳои қадим, растаниҳои доругӣ аз ҷиҳати функсияҳои танзимкунандаи иммунии худ бар зидди вирусҳо, бактерияҳо, занбӯруғҳо, саратон, дилу рагҳои хунгард ва зидди илтиҳобӣ потенсиали бузург нишон додаанд. Эътиқод ба низоми табибони тибби халқӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба туфайли баррасии воқеъбинона, таҷрибаи доимӣ ва санҷиши мунтазами онҳо аз як насл ба насли дигар гузаштааст. Растаниҳои доругӣ одатан дорои омехтаҳои мураккаби пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол буда, онҳо нисбатан аз худ заҳрнокии пастарро зоҳир менамоянд.

Олами набототи Тоҷикистон бо туфайли шароитҳои хокиву иқлимӣ бой ва гуногуннавъияш шинохта шудааст. Он кайҳо боз таваҷҷуҳи тадқиқотчиёни растаниҳои дорувории ояндадорро ба худ ҷалб кардааст.

Аз ин рӯ омӯзиши олами набототро на бояд тамомшуда ҳисобид, зеро дар айни замон қисми нисбатан ками растаниҳои дар флораи Тоҷикистон рӯянда, яъне аз 4500 намуди растаниҳои олӣ, тақрибан 1500 намуди онҳо доругӣ буда аз ин 30 фоизаш аз ҷониби олимони ватанӣ ва хориҷӣ омӯхта шудааст. Вобаста ба ин ҳамасола дар факултети фарматсевтии ДМТ конференсияи илмию-амали Ҷумҳурияви бо иштироки намояндагони байналмилали дар мавзӯҳои гуногуни флораи Тоҷикистон сарчашмаи таҳия ва татбиқи маводи дорувори баргузор мегардад, ки инҳам бошад барои бозҳам рушд кардани соҳаи саноъти дорусозии Ҷумҳуриямон мусоидат мекунад.

Бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2018 ба Маҷлиси Оли пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Вобаста ба ин, омӯзиш, таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругии Флораи Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад.

Яке аз ҳадафҳои асосии соҳаи фарматсевти ин коркарди маводҳои дорувории навъи ватани на танҳо синтетикӣ балки аз растаниҳо ҳосилшудаи рақобатпазир ва ивазкунандаи маҳсулоти содироти ба ҳисоб меравад.

Як қатор растаниҳое, ки дар флораи Тоҷикистон ба таври васеъ меруяд: намудҳои дулона, мармарак, чойкаҳак, чоқла, пудина, гармалаф, мебошад, ки мо дар шароити лаборотори бо ҳалкунандаҳои органики ва ғайри органики аз онҳоро экстраксия намуда аз ҷавҳари онҳо маводи дорувори таҳияи менамоем, ки инҳам бошад барои рушди соҳаи саноати дорусозӣ Ҷумҳуриамон мусодидат менамояд.

Каримов Фирдавс, муаллими калони кафедраи фармакогнозия, мушовири академии дараҷаи 2-юми факултети фарматсевтии ДМТ