ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

614

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар факултети фарматсевтии ДМТ конференсия илмӣ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ — омили рушди устувор” баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Ин нуктаро декани факултет номзади илмҳои биологӣ Раҷабзода Ф.К. дар кори конференсия ироа намуд.

Баъдан Директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, номзади илмҳои таърих Шарипов Ҷ.С. дар мавзуи “Пайдоиши Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуда, зикр намуд, ки “Таърихи ҳар як миллат дорои саҳифаҳои сабақомӯз, хотирмон ва арзишҳои волоест, ки барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Ин саҳифаи таърихӣ фаромушнашаванда ва хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо шарофати талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.