ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

192

ҶумҳурииТоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 32-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррӯз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарӯза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 апрели соли 2000 дар конгресси Х-уми Созмони Милали Муттаҳиддар масъалаи пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҷазо додани ҷинояткорон, ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткории трансмиллӣ дар мавзӯи «Таҳдидҳои нав дар асри XXI» нисбати терроризми байналмилалӣ чунин изҳори назар намуданд.

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷахон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои2016 – 2020 ҳуҷҷати барномавӣ буда, ҳадафҳо, вазифаҳова самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм муайян мекунад.

Аъмоли мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар давлатҳои Афғонистон, Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сури, Лубнон ва Афғонистон таҷрибаи амалии худро пайдор намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.

Он ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонроомода ва идора менамоянд.

Ҷиҳатииҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2020-2030» тавассути ташвиқу таблиғ намудани аҳолӣ ба риояву эҳтироми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва истифода аз воситаҳои ахбори умум тадбирҳо андешида шаванд. Чунин тарзи кор метавонад дар пешгирии ҷиноят ва тарбияи ҳуқуқии мардум бештар таъсиргузор бошад.

Каримов Фирдавс, мушовири академии дараҷаи дуюми факултети фарматсевтии ДМТ