ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРӣ

318

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони факултети тиббӣ вохӯрӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо устодону донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ доир гардид.

Нишастро мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Н. оғоз намуда, афзуд, ки «Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад».

Сипас прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки «Имрӯзҳо қисме аз одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад». Ҳамзамон, Комрон Ҳидоятзода, сардори раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва вабои аср буда, мубориза бо он қарзи ҳар як инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар анҷом оид ба масъалаи баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифт.