ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТ: МЕҲВАРИ МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИН БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН

103

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳои масъулини Донишгоҳ бо донишҷӯдухтарон пайваста ба роҳ монда мешаванд.

Имрӯз (18.09.2025) дар ҳамин замина вохӯрии навбатии раиси бахши кор бо духтарон ва занон — Олимова Д.А., сармутахассисони бахш — Шарипова М.Б. ва Олимбекзода Ф.О. бо донишҷӯдухтарони факултети фарматсевтӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории ин вохӯрӣ татбиқи муасcири барномаҳои марбут ба сиёсати бонувон, баланд бардоштани маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон ва тақвияти одобу рафтори онҳо дар муҳити таълимӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Чунин вохӯриҳо барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва таҳкими арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ миёни донишҷӯдухтарон аҳаммияти хос доранд.