ТАҲКИМИ ҶАҲОНБИНИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН

142

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи миллӣ ва устодону кормандони он ин, пеш аз ҳама, роҳандозӣ намудани чорабиниҳои тағиботиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, муқовимат бо экстемизму тероризм ва ташкили суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳ мебошад, ки зимни ин гуна чорабиниву машваратҳо муҳтавои қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи соҳа ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз аз ҷониби сохторҳои давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Бо ин мақсад имрӯз (26,04.2024) дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён доир ба муқовимат ба терроризму экстремизм ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки имрӯз ҷомеаро зарур аст тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.

Вохӯрии мазкур ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндаи КДАМ доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки «мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем». Инчунин, ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.

Таъкид карда шуд, ки терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили ҷиноӣ хатари воқеӣ ба амнияту суботи кишварҳои ҷаҳон мебошад. Зеро, ин падидаи номатлуб то ҳанӯз дар ҷомеа зери ниқобу ақидаҳои гуногуни ифротгароёна арзи ҳастӣ намуда, хатару таҳдидҳои нав ба нави амниятиро эҷод менамояд. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки фирефтаи ҳар гуна ақидаву мафкураҳои бегона нагардида, балки бо донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқиву маърифатии хеш дар пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузоранд.