СУХАН АЗ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

363

Ба хотири арҷгузории Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон имрўз (25.11.2022) дар толори Шурои олимони факултети фарматсевтии донишгоҳ таҳти унвони «Парчами нангу номи мо» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар нишаст мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҳ. Саидов оид ба мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи давлатдории миллӣ» маърўза намуд.

Сипас ассистенти кафедраи фармакогнозияи факултет Сулохова З. баромад намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳақиқии мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи он ба сўи ояндаи дурахшони мамлакат мебошад.

Дар охир аз ҷониби донишҷўён бо забонҳои русиву англисӣ шеърҳо дар васфи Парчами давлатӣ қироат карда шуд.