СИНО – ПОЯГУЗОРИ ИЛМИ ТИБ

10

Имрӯз (20.05.2025) бо ибтикори раёсати Донишгоҳ дар пояи факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – поягузори илми тиб ва дорусозӣ» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Зимни сухани ифтитоҳӣ декани факултети фарматсевтӣ Каримзода Ф.У., иброз дошт, киАбуалӣ ибни Сино, ки дар илми Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, яке аз бузургтарин донишмандони асри миёна ва поягузори илми тиб дар ҷаҳон мебошад. Ӯ бо фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб, фалсафа, риёзиёт, физика ва кимиё шинохта шудааст, вале саҳми ӯ дар илми тиб ва дорусозӣ ҳамчун як шахсияти беназир то имрӯз арзиши бузург дорад.

Абуалӣ ибни Сино шахсияти таърихиест, ки на танҳо дар замони худ, балки дар тули асрҳо ба рушди илми тиб таъсири бузург гузоштааст. Осори ӯ, бахусус «Қонуни тиб», ба ҳайси пояи донишҳои тиббии қадим ва муосир хидмат кардааст. Омӯзиши мероси Ибни Сино барои мутахассисони соҳаи тиб, таърихшиносон ва донишмандон ҳамоно аҳамияти баланд дорад.

Зикр карда шуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиб ва муаррифии чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба идеологияи ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, хеле муҳим ва зарур арзёбӣ намуданд. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост”.

Дар ҳамоиш олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар мутахассисони соҳаи тибу фарматсевтӣ доир ба ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва таҷрибаи амалии мутафаккири суханронӣ намуда, дар мавзуҳои “Ақидаҳои фалсафии Абуалӣ ибни Сино”, “Мероси ҷовидонаи ибни Сино барои башарият”, “Абуалӣ ибни Сино дар инкишофи илми тиб”, Абуалӣ ибни Сино ва комёбиҳои тибби ҳозиразамон” марӯзаҳо намуданд.