Шўрои занон ва духтарон

Дар факултети фармасевтӣ Шўрои духтарон ва занон фаъолият доранд. Тамоми занҳо ва духтарони факултет аъзои Шўро мебошанд, яъне 12 зан ва 450 духтар.

Раиси бахш Солиҳова С., лаборанти калони факултет, раиси духтарон Маҷидова Ф. донишҷуи курси 3 ихтисоси дорусозӣ мебошад. Дар ҳар як гурўҳи академӣ раиси духтарон интихоб шуда ба раиси занон итоат менамоянд.

Вазифаи бахш аз зеринҳо иборатанд:

  • иҷрои супоришҳо, қарору фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректор ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия, роҳбари бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ таъмин менамояд;
  • тартиб додани нақшаи кори солонаи раисони  духтарони гуруҳҳо;
  • иҷрои нақшаи корҳои ташкилию тарбиявии умумидонишгоҳӣ;
  • ҳамкорӣ бо раисони духтарони гуруҳҳо;
  • таҳия намудани ҳуҷҷатнигории раисони духтарони гуруҳҳо;
  • назорат аз болои рафти амалӣ гардонидани Низомномаи бахши кор бо духтарону занон ва нақшаи корӣ солона;
  • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои идона, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои суолу ҷавоб, конфронсу машваратҳо бо донишҷeдухтарон ва занони факултет;
  • сафарбаркунии занону духтарон ба рeзҳои ягонаи ахбори сиёсӣ дар миқёси ҷумҳурӣ;
  • назорат намудани ҳуҷҷатнигории раисони  духтарони гуруҳҳо;
  • назорат аз болои тартибу низом ва одобу ахлоқи донишҷeдухтарон, ба хусус донишҷeдухтароне, ки дар хобгоҳҳо истиқомат мекунанд;


Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бахш:

  • дар давоми сол як маротиба ба раҳбари бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намояд;
  • таъмин намудани иштироки фаъолонаи духтарону занон дар чорабиниҳои тарбиявӣ, корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, шанбегиҳо, маъракаҳои гуногуни факултет ва ғ;
  • танзим намудани фаъолияти раисони бахши кор бо духтарони гуруҳҳо, мавриди омeзиш қарор додани таҷрибаи беҳтарини онҳо;
  • ичроиши фармону супоришҳои Раёсати Донишгоҳ;
  • гузаронидани суҳбатҳо, вохуриҳо бо донишҷeдухтарони факултет.