Довталабон ба гурўҳҳои шартномави дар ҳаҷми нақшаи қабул ба тариқи озмун, инчунин ба тариқи имтиёз қабул карда мешаванд. Довталабон зимни қабул ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумї (пурра), ибтидоии касбї ва миёнаи касбї (намунаи давлатї – нусхаи асл);
- маълумотномаи тибби (шакли №086-У);
- 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд;
- билети ҳарбї ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- нусха аз дафтарчаи меҳнатї, агар довталаб собиқаи корї дошта бошад;
- маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумї;
- қарори Шўрои омўзгории мактаб, тавсияи шўъбаи маорифи ноҳия ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
- қарори Шўрои ноҳиявии меҳнатї ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд).