МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

960

Ҳифзи тандурустии аҳоли яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимои давлат ва ҳукумати Чумҳурии Точикистон мебошад. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт то имрӯз дар кишвар 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), нашъамандӣ ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад. То давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) вуҷуд надоштанд. Дар 30 соли истиқлол панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” дар баррасӣ қарор дорад. Дар доираи татбиқи барномаҳои қабулгардида шумораи марказу ташхисгоҳҳои замонавӣ афзоиш ёфта, фарогирии аҳолӣ ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам сол ба сол беҳтар гардид.

Суcт ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда шуда метавонад. СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморие, ки ҳамчун аломати норасоии масунияти бадан муайян карда мешавад. Аз аввали солҳои 80-уми асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи СММ Муттаҳиди оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти одам сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони аз 15 то 24 сола ташкил медиҳанд.

Хуни инсон аз заррачаҳои сафеди хун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритротситҳо) иборат мебошад. Лейкоситҳо ба системаи иммунӣ тааллуқ дошта, организми инсонро аз микроб ва вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд. Вале вируси норасоии масъунияти одам бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Барои ҳамин системаи худмуҳофизатии одам суст мегардад. Он қадаре, ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад.

Вируси норасогии масунияти одам бемории шадид буда, имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон дар сайёра гаштааст. ВНМО- ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо дохил мешавад. ВНМО- соли 1983 дар ду лаборатория – институти Пастер дар Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтане ва институти миллии бемориҳои саратон дар ИМА бошад, таҳти роҳбарии Роберт Галло, новобаста аз ҳамдигар кашф гардидааст. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ҷаҳон ҳамасола 1-уми декабр рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВИЧ СПИД қайд карда мешавад.

Бояд кайд намуд, ки аз соли 1996 инҷониб, ҳама сола санаи 1-уми декабр бо ибтикори барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО, ин сана таҷлил карда мешавад. Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони ин рузро ҳама сола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад.

Баҳри пешгири намудани ВНМО ҳамасола дар арафаи 1-уми декабр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барномаҳои махсус гузаронида мешавад. Хамзамон дар ин рӯз аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар мубориза бо ВНМО муттаҳид бошанд. Ҳар як шахс метавонад дар пешгирии он ҳиссагузор бошад. Ба ин восита ҳар як фард барои ҳифзи ҳаёти худ ва наздиконаш аз ташхиси ВНМО гузашта, аз вазъи солимиаш дар робита ба вируси мазкур маълумот мегирад. Бахшида ба ин рӯз бар зидди ВНМО дар тамоми ҷумҳури тадбирҳои гуногун ва барномаҳои ташвикоти байни аҳоли баргузор мегардад.

Дар ин рӯз ҳама нафарон лентаи сурхро, ки рамзи асоси ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд. Ин рамзи асоси ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама бар зиди ин бемори, яъне ВНМО бисёртар донанд ва пеши роҳи онро гирифта тавонанд.

Раҷабзода Ф.К., декани факултети фарматсевтӣ

Ҳикматзода И.И., муовини декан оид ба таълими факултети фарматсевтӣ